ҲИФЗИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА УСТУВОРИИ СОҲИБИХТИЁРИИ ДАВЛАТӢ

772

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Солҳои охир ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва нақши давлат дар ҳалли ин масъала диққати махсус дода мешавад. Роҳи муҳимми ҳалли ин масъала пешбарии назарияи амнияти миллӣ ва муайян намудани мафҳуми амнияти миллӣ аст. Аз ин хотир таҳлилҳои назариявии имрӯза ба ҳамин масъала бештар нигаронида шудаанд. Масалан, О.В. Дамаскин зери мафҳуми таъмини амнияти миллӣ «Фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон оид ба ошкор намудан ва пешгирии таҳдидҳо ба амнияти шахсӣ, ҷомеа ва давлат, ҳамчунин муқобилият ба ин таҳдидҳо фаҳмида мешавад». Яке аз муҳаққиқони дигар Профессор Шарофзода Р.Ш. қайд мекунад, ки ҳокимияти давлатӣ хусусияти миллӣ ё дохилидавлатӣ дорад, бо дарназардошти ҳадафҳои идоракунии босамар ва рушди ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ ташкил ва амалӣ мешавад. Ҳамзамон, Шарифзода С.Ш. дар монографияи худ зикр менамояд, ки «яке аз функсияҳои хориҷии давлат ин функсияи таъмини сулҳ, амният ва тартиботи ҳуқуқии ҷаҳонӣ мебошад». Мувофиқи ҚҶТ «Дар бораи амният» амнияти миллӣ ин ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ мебошад.

Дар асоси мафҳумҳои зикршуда метавон гуфт, ки таъмини амнияти миллиро бе давлат тасаввур кардан ғайриимкон аст, аммо асоси устувории давлатҳои соҳибихтиёрро дар шароити ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст ин ҳифзи амнияти миллӣ ташкил медиҳад. Дар ин замина, баланд намудани нақши давлат чун субъекти таъмини амнияти миллӣ – яке аз роҳҳои муҳимми таъмини амнияти миллӣ эълон мешавад. Иҷрои ҳамаи вазифаҳои давлат бо назардошти таъмини амнияти миллӣ сурат мегирад. Аз ин хотир давлати Тоҷикистон – субъекти таъмини амнияти миллӣ аст.

Айни замон амнияти миллӣ ҷузъи амнияти ҷаҳон аст. Аз ин рӯ, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон амнияти миллии хешро таъмин намуда, дар як вақт дар таъмини амнияти ҷаҳон саҳм мегузорад. Ба ибораи дигар, таъмини амнияти миллӣ ва амнияти ҷаҳонӣ аз ҳам ҷудо нестанд. Табиист, ки дар чунин шароит нақш ва нуфузи давлат чи дар дохили кишвар ва чи дар арсаи байналхалқӣ баланд мешавад.

Бо мақсади таъмини амнияти миллӣ дар кишварҳои ҷудогона консепсияҳо ва қонунҳои амнияти миллӣ қабул мешаванд. Дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи амният», Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», консепсияҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки асосҳои ҳуқуқии амнияти шахс, ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд. Тибқи он, амният «ҳолати муҳофизаи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад». Истиқлолият ва тамомияти арзии он яке аз объектҳои асосии амниятро ташкил медиҳанд.

Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ дар шароити афзоиши хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ муҳимтарин шарти баланд бардоштани мақоми сиёсию ҳуқуқӣ ва нишонаи ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатдории воқеист. Академик Маҳмудзода М.А. дуруст қайд менамоянд, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеаи нодиру фараҳбахши таърихӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоидро фароҳам овард.

Дар марҳилаи муосир Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр дорои забон, фарҳангу тамаддун, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия, ҳудуди муайян ва яке аз давлатҳои сулҳпарвар ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносанд, эътироф мекунанд ва ташаббусҳои созандаи давлату ҳукумати моро дар самтҳои гуногун аз ҷумла, дар самти таъмини амнияти ҷаҳонӣ амалӣ месозанд. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ҳифзи амният ва манфиатҳои миллӣ барои халқ ва миллати тоҷик аз ҳама боло меистад. Акнун абадан нигоҳ доштани соҳибихтиёрии давлатӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд ва миллати тоҷик мебошад. Чунончи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин Истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад». Ҳамзамон, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъкид гардидааст, ки ояндаи дарозмӯҳлати кишварамон ин нигоҳдории ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, амали намудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва самаранокии иқтисодӣ, беҳсозии некӯаҳволии мардум, ҳамзамон, пешрафти минбаъда ин бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, шукуфон, аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ босубот мебошад. Дар ин хусус профессор Холиқзода А.Г. ҳақиқатнигорона таъкид менамояд, ки барои мо муҳим он аст, ки аз камбуду норасоиҳои гузашта сабақи дуруст бардорем ва ба қадри Истиқлолият расем. Дар асоси мафҳумҳо ва таҳлилҳои зикршуда, ба хулоса омад, ки амнияти миллӣ (амнияти иқтисодӣ, озуқаворӣ, ҷамъиятӣ, ҳарбӣ, экологӣ, иттилоотӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ) бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ таъмин карда мешавад. Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, инҳо мебошанд:

– таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва суботи сиёсӣ дар мамлакат;

– рушду устувории иқтисодиёти кишвар;

– тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ;

– пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият;

– тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди он;

– фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо;

– таъмини муҷаҳҳазгардонӣ ва омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қушунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ;

– таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси ҳамшарикӣ.

Шарифзода С.Ш., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилоти ДМТ