Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон баъди Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои ҳаштум ва дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ баъд аз Федератсияи Россия дар ҷои дуюм қарор дорад. Ҷумҳурии мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори истеҳсоли солонаи энергияи барқ 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ гардида, аз нигоҳи техникӣ захираҳои гидроэнергетикӣ солона 317 млрд. кВт/соат мебошад. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 3 маротиба бештар аз истифодаи ҳозираи барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, самаранок истифода бурдани он ин кишварҳоро бо барқи арзон ва аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин менамояд. Ин дар ҳолест, ки 95 фоизи иқтидори гидроэнергетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ имконпазири Тоҷикистон то ҳол аз худ нашудааст ва то ҳол ҷумҳурӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ноил нагаштааст. Тибқи нақша расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 муайян шудааст.
Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти энергетикии кишварро аз ҳадафҳои стратегии мамлакат медонад. Ӯ аз ҷумла дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон, ки 21-уми январи соли 2022 баргузор гардид, натиҷаи кори бахши энергетикии ҷумҳуриро баррасӣ карда, вазифаҳои онро барои оянда мушаххас намуд.Дар бахши таъмини истиқлоли комили энергетикӣ ба кор андохтани иқтидорҳои НБО Роғун ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, аз ҷумла бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияро раисҷумҳур муҳим арзёбӣ кард.Ӯ гуфт, вазифаи муҳимтарини ҳамаи мо дар панҷсолаи оянда равона кардани тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳо ба хотири вусъат додани бунёди НБО Роғун мебошад. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат мешавад. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат неруи барқ истеҳсол бикунад.
Қаблан Тоҷикистон соле 16,5 миллиард кВт/соат барқ истеҳсол мекард, ки ин нисбат ба талабот кам буд ва дар давраи зимистон камбуди неруи барқ 2,2 – 2,5 млрд. кВт/соатро ташкил медод. Ин ҳолат дар зимистон ба маҳдуд кардани интиқоли барқ ба аҳоливу корхонаҳо меовард. Бо истифода дода шудани 2 агрегати НБО Роғун, ки ҳоло ба ҳисоби миёна солона 1,6 млрд кВт/соат барқ истеҳсол мекунанд ва дар фасли сармо фаъолият кардани Маркази барқиву гармии шаҳри Душанбе соли 2021 дар ҷумҳурӣ 20 миллиарду 624,6 миллион кВт/соат неруи барқ тавлид гашт, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 853,8 миллион кВт/соат бештар мебошад.
Дар давраи Шуравӣ соли 1976 сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ – НБО Роғун шурӯъ шуда буд. Соли 1987 сохтмони сарбанди НБО Роғун оғоз ёфта, 27 декабри соли 1987 маҷрои дарёи Вахш баста шуд. То соли 1993 баландии сарбанд ба 40 метр расида, 21 километр нақбҳо ба анҷом расонида шуда, корҳои асосӣ оид ба азхудкунии толори мошинсозӣ (70%) ва толорҳои трансформаторӣ (80%) анҷом ёфтанд. Дар муқоиса бояд гуфт, ки ҳоло дар НБО Роғун 75 километр нақбҳои сохтмонӣ ва нақлиётӣ сохта шудаанд.
8-уми майи соли 1993 сели пуршиддат сарбанди неругоҳро шуста бурд, нақбҳо ва толори турбинаҳо қисман зери об монданд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ техника ва масолеҳи сохтмон ба яғмо рафт. Сохтмони нерӯгоҳро аз сифр оғоз кардан лозим омад. Бояд ёдовар шуд, ки бо саъю кӯшиш ва ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО Роғун аз нав гирифта шуда, он яке аз иншоотҳои муҳими стратегии мамлакат маҳсуб меёбад.
Воқеан ҳам, бунёди НБО Роғун барои тоҷикистониён шараф ва номуси миллӣ аст. Зеро бо омилҳои объективию субъективӣ сохтмони мазкур тул кашидааст. Барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон омилҳои объективӣ бошанд, пас монеаҳои сунъие, ки кишварҳои поёноб барои пешгирии идомаи сохтмон эҷод карданд, мушкили дигаре барои ба дарозо кашидани сохтмон гардид. Сабаби норозигии роҳбарияти ин кишварҳо, махсусан Узбекистон – ин хатари руй додани зилзилаҳо дар атрофи сарбанди (баландиаш 335 метр) НБО Роғун ва кам гардидани резиши миёнаи оби Амударё буд, ки ба обёрӣ намудани заминҳои давлатҳои поёноб оварда мерасонад. Барои санҷидани зарари экологии НБО Роғун ва обанбори он, ҳамин давлатҳо ба СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намуданд. Соли 2010 байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи гузаронидани ташхиси байналхалқии лоиҳаи сохтмони НБО Роғун шартнома имзо гардид. Соли 2011 пудратчии ташхис фирмаи шведсарии “Poyry Energy Ltd» интихоб гардид. Бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони НБО Роғун ва обанбори он тахминан 3 сол аз санҷиши ҷиддӣ гузаштанд ва барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар дониста шуданд.
Воқеан, соли 2016, баъди вафоти президенти вақти Узбекистон И. Каримов муносибати роҳбари нави ин кишвар Ш. Мирзиёев нисбат ба сохтмони НБО Роғун ба ҷониби мусбат тағйир ёфт.Ногуфта намонад, ки оид ба сохтани НБО Роғун соли 2004 байни Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия шартнома имзо шуда буд, вале бинобар ба мувофиқа нарасидан оид ба баландии сарбанд он амалӣ нагардид. Аз ҷумла, «Русал» мехост, ки сарбанди бетонии баландиаш 285 м бисозад, ки ин мухолифи лоиҳа буд. Дар ин ҳолат нархи сарбанди бетонӣ ба маротиб гарон гардида, ғунҷоиши обанбор кам мешуд. Ин нуктаро ба назар гирифта, Тоҷикистон 29 августи соли 2007 шартномаро бо ширкати «Русал» бекор кард ва азм намуд, ки ин неругоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» таъсис дода, ойиннома
аш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд. Моҳи июли соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии “Salini Impregilo” (Италия) қарордод ба имзо расонида, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО Роғун 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ кард. Танҳо барои бунёди сарбанди сунъии калонтарини Роғун, ки баландиаш 335 метр ва ҳаҷмаш 76 млн м³ мешавад, 1 миллиарду 950 миллион доллар маблағ сарф хоҳад шуд.
29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозер расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун аз нав оғоз бахшид. 16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми ва 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғунро ба кор даровард. Ҳоло ду агрегати неругоҳ, бо чархаҳои муваққатӣ 240 ҳазор КВт/соат барқ истеҳсол карда истодаанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 11 НБО-и бузург ва ҳудуди 300 неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 132 мВт фаъолият доранд. Неругоҳҳои барқи обӣ, ки дар асоси обанборҳо кор мекунанд, дар шароити Тоҷикистон афзалиятнок ва самаранок мебошанд. Зеро неругоҳҳои хурди барқи обӣ, ки дар асоси маҷрои оби дарёҳо фаъолият доранд, аслан мавсимӣ буда, дар фасли гармо, ҳангоми афзоиши оби дарёҳо кор мекунанд. Дар фасли сармо, ки талабот ба неруи барқ меафзояд як қисми онҳо аз камобӣ аз фаъолият мемонанд.
Қонеъ гардондани талаботи рӯзафзун аз ҳисоби сохтмони неругоҳҳои барқи ҳароратӣ бинобар баланд будани арзиши сохтмон, инчунин, нархи гарони истихроҷи ангишт на ҳама вақт мувофиқ аст. Илова бар ин, мушкилоти экологӣ ва талаботи зиёд нисбат ба ихроҷи моддаҳои зараровар, газҳои гулхонаӣ аз сӯзишвории ангишт (пеш аз ҳама, дуоксиди карбон) ба рушди неругоҳҳои ҳароратӣ бо ангишт мусоидат намекунанд, – гуфта буд Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Конфронси минтақавии «Дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ», 2-юми июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе.
Ин гуфтаҳо воқеият доранд. Масалан, Неругоҳи барқии ҳароратии Душанбе -2 ҳангоми фаъолияташ дар як шабонарӯз 5,5 – 6 ҳазор тонна ангишт мезӯзад, ки ин аз як тараф нархи барқи тавлидшавандаро гарон мекунад, аз тарафи дигар, ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад. Вале дар шароити имрӯза, ки дар фасли сармо талабот ба нерӯи барқ меафзояд, фаъолияти он аз тадбирҳои зарурӣ маҳсуб мешавад.
Бо назардошти он, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии сокинон аз рушди соҳаи энергетика вобастагӣ дорад, афзоиши тавлиди неруи барқ омили муҳими рушди кишвар ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бояд ба истеҳсоли энергияи барқароршаванда таваҷҷуҳи асосӣ равона гардад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 июли соли 2022 дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО Роғун гуфт, ки низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодӣ ва болоравии бесобиқаи нархи молу маҳсулот набояд монеи сохтмони НБО “Роғун” шаванд.
Ӯ гуфт, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи барқи обии “Роғун” тайи солҳои 2008 – 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Аз оғози соли 2022 бошад, барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ, лоиҳакашию таҳқиқотӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва дигар хизматрасониҳо, дар маҷмӯъ, 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Дар соли равон барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.Тоҷикистон бо Қазоқистон ва Узбекистон барои содироти неруи барқ ёддошти тафоҳум имзо кардааст, гуфт Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ 12 июли соли 2022.
Ӯ зикр намуд, ки Тоҷикистон азм дорад, содироти неруи барқро то соли 2030 ба 10 млрд кВт/соат расонад. Ҳоло пайваста барои пайдо кардани бозор чораҷӯиҳо сурат гирифта истодааст. Ба гуфтаи Шоимзода, вақте бозор ҳасту харидор таваҷҷуҳ дорад, шарикон низ бештар барои сармоягузорӣ моил мешаванд.Дар ҳамин ҳол ба гуфти Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ниҳод, соли 2021 дар ҷумҳурӣ содироти энергияи барқ нисбат ба соли пеш 911,6 миллион кВт/соат зиёд шуда, 2 миллиарду 439,2 миллион кВт/соатро ташкил дод. Неруи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як миллиарду 213,1 кВт/соат ба маблағи 612,2 миллион сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Узбекистон як миллиарду 145,7 миллион кВт/соат ба маблағи 259,4 миллион сомонӣ содирот шуд.
Сохтмони НБО Роғун бояд соли 2029 ба анҷом расад. Обанбори нерӯгоҳ бошад, соли 2032 ба ҳадди ниҳоии иқтидораш – 3,3 км кубӣ мерасад.
Ҳоло дар сохтмони НБО Роғун 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки сохтмони НБО Роғунро метавон махзани кадрҳои сохтмонӣ номид.
Манфиатҳои истифода додани НБО “Роғун”:
1. Дар натиҷаи ба истифода додани нерӯгоҳ Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасад;
2.Тоҷикистон метавонад, ки барқи изофиро ба кишварҳои ҳамсоя фурӯшад;
3.Нерӯи барқи арзон ва дастрас ба таъсиси корхонаҳои нав ва рушди саноат мусоидат менамояд;
4.Барқи арзон ба рушди нақлиёти барқии заминӣ ва роҳи оҳан мусоидат мекунад;
5. Аз обанбори нерӯгоҳ, ки 3,3 км кубӣ аст, 300 ҳазор га заминҳои обташна шодоб мешавад;
6.Лойиқагирии минбаъдаи обанбори НБО Норак пешгирӣ мегардад;
7.Дар сохтмони НБО кадрҳои баландихтисос тарбия меёбанд;
8.Билохира, ҳамаи ин ба рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим ба некӯаҳволии сокинони кишвар мусоидат менамояд.
Ҷовид Муқим, профессори кафедраижурналистикаи байналхалқии ДМТ