СУБОТИ ҶОМЕА – ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР

392

Суботи ҷамеа ва сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз неъматҳои бузург барои ҷомеа ба шумор меравад. Дар баробари таъмин будан бо молу хизматҳо, барои шахс суботу оромӣ низ омили асосии хушбахтӣ буда метавонад. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ба мо маълум аст, ки кишварҳои гуногуни дунё барои ба даст овардани сулҳу субот тули солҳои зиёд талош меварзанд ва на ҳамаи онҳо ба ин неъмати бузург ноил мегарданд.

Имрӯз мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз ин Ватану ин миллат мекунанд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осоишта умр ба сар бурда, аз неъматҳои бузурги Ватан истифода менамоянд. Ба солҳои гузашта ва ба таърих менигарему ҳар лаҳзаи тақдирсоз падид меоянд ва роҳу равишамонро аниқу муайян менамоем. Баъди ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳарчанд мушкилот ҷой дошт, дар натиҷаи тадбирҳо ва чораҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба марҳала, ба давраи рушду такомул ворид шуд ва роҳи суръат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, пешрафту таҳкими иқтисодӣ пеш гирифта шуда, сатҳу сифати зиндагӣ беҳтар шуданд.

Имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат давлату ҳукумати мо неруву иқтидор дорад, ки он ваҳдату ҳамгироиро нигоҳ доранд. Танҳо чунин давлати неруманд озодиву осоиштагии халқи худро таъмин карда метавонад, ки онро ҳамагон имрӯз шоҳид мебошем. Имрӯз бузургтарин қонун ва ҳукм манфиати халқ мебошад, ки он дар асоси муттаҳидиву ҳамдигарфаҳмии халқи мо ташаккул меёбад. Вақте дар ҷомеа манфиати умумии халқ пайгирӣ карда мешавад, ин кафолати суботу ваҳдати ҷомеа мебошад. Дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи кунунии мо манфиати ягонаи халқ мақсаду ҳадафҳои ягонаи пешрафту шукуфоиву бунёдкориҳоро ба вуҷуд овардаанд.

Суботи оромии кишвар ҳамучун омили рушди иқтисодӣ низ буда метавонад. Аз назарияҳои мактаҳои гуногуни иқтисодӣ ба мо маълум аст, ки дар баробари дигар омилҳои асосӣ, сулҳу субот ҳамчун омили таъсиррасон ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мебошад. Дар кишварҳое, ки сулҳу субот таъмин набошад, хоҳ но хоҳ маблағгузорию сармоягузориҳо дар он кишвар кам гардида, сармоя ба дигар кишварҳо мекӯчад. Инчунин, дар ҳолати нооромии ҷомеа, шаҳрвандон ва мутахассисони кишвар ба давлатҳои дигар ҳиҷрат менамоянд.

Имӯзҳо кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар ва тараққихоҳ муаррифӣ гардид. Сиёсати ҷории давлат ба ҷаҳониён амиқу дуруст фаҳмонида шуд ва дар натиҷа ин сиёсат дар доираҳои сиёсӣ ҳамчун сиёсати ибратбахш мавриди пазироӣ ва эътироф қарор гирифт. Раванди барқарорсозии сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқи азиз имкон фароҳам овард, ки сулҳу салоҳ дар кишвар ҳукмфармоӣ намояд, ба зудӣ оташи низоъ хомӯш гардад. Маҳз тавассути ваҳдат ва сулҳу суботи ҷомеа мо ба тамоми ҳадафҳои худ расида, бо неруи созандагию бунёдкорӣ Тоҷикистони азизи худро дар қатори киварҳои пешрафти ҷаҳон ҷой дода метавонем. Ҳамин суботу оромии кишвар кафолату пойдории он барои ҳазорсолаҳои дигар хоҳад гардид. Дар роҳи минбаъда ҳушёриву зиракаии сиёсӣ боис мегардад, ки халқи тоҷик дар муқобили таҳдидҳову хатарҳои нав садду монеаи устуворро ба вуҷуд овардад. Ҳушёриву зиракии сиёсӣ як мафҳуми домандаор бошад ҳам, ҷавҳари аслии онро боз ҳам ваҳдату дӯстии мо ташкил медиҳад.

Гулов Ш., устоди ДМТ