НАҚШИ ҶАҲОНБИНӢ ВАТАФАККУРИ ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОР ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ

496

Фазои иттилоотӣ дар шароити кунунӣ як ҷузъи таҳрикбахши раванди ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад. Фазои иттилоотӣ дар қиёс бо панҷоҳ сол қабл ҷомеаро бештар зери таъсир қарор ҳам додаву онро тобеъ ҳам сохтааст. Пештар низ тобеияти ҷомеа дар муносибат ба фазои иттилоотӣ вуҷуд дошт, ки аз тобеияти имрӯза ба куллӣ фарқ дорад. Тафсири саҳеҳи андешаи боло он аст, ки шакли тобеияти пешина иҷборӣ буд ва ҷомеаи собиқи шӯравӣ (сензураи ВАО) мисоли он аст. Ҷаҳонишавии муосир қонунияту талаботи зиёдеро ба вуҷуд овард. Тобеъсозии имрӯза дар шакли сабқату рақобат сурат гирифта, бо сабаби интихоби васеъ аудитория ба он воситаи ахборе такя мекунад, ки агар таваҷҷуҳро бештар ҷалб карда тавонад. Феълан мафҳуми ҷаҳонишавӣ низ аз ҷониби муҳаққиқону коршиносон чандон ҳамаҷониба омӯхтаву таҳқиқ нагаштааст ва дар шинохти он теъдоди зиёди сиёсатшиносону фарҳангшиносон, файласуфону адибон, публитсистону коршиносон ва сиёсатмадорону ҷомеашиносон ҳар кадом аз зовияҳои гуногун сухан мегӯянд.

Дар шинохти зоҳирӣ ҷаҳонишавӣ ин раванди мураккабу босуръат буда, ҷараён ва низоми бузурги ягона ба ҳисоб меравад, ки ҷомеаҳои хурду бузургро зери як сақф нигоҳ доштан мехоҳад. Ҷаҳонишавиро бештар дар ду самти бузурги ба ҳам тавъам дидан мумкин аст, ки онро иқтисодиёту сиёсат ташкил медиҳанд. Хавфи ниҳоят шадиди ҷаҳонишавӣ он аст, ки ҷомеаҳо дар бархӯрдҳои пайваставу доимӣ қарор доранд. Дар робита ба ин профессори сиёсатшинос Г. Зокиров дар оғози солҳои 2000 чунин андешаро баён карда буд: “Таҷрибаи инкишофи олам нишон медиҳад, ки муқобили таълимот ва ғояҳои инкишоф монеаҳо ва зиддиятҳои мухталиф пайдо мешаванд. Дар муқобили ғояҳои глобалистӣ низ чунин ҳолатҳо рух додаанд”. Ин фарзия имрӯз бараъло мушоҳида мешавад ва ҳатто шиддати ошкор ёфтани бархӯрдҳо қатъи назар нестанд. Ин тасодумро ҷанг номидан душвор аст, аммо бадтар аз ҷангҳои воқеӣ буда, ҷомеаҳои бозмондаву ғофилро бехабар ба нестӣ мерасонад. Ҷаҳонишавӣ дар домани худ фарҳангу тамаддунҳоро хеле ноаёну осон нест мегардонад, ки он албатта боиси нобудиву фанои халқу миллатҳои зиёд мешавад.

Табиист, ки дар ин равандҳо журналистика ҳамчун соҳаи пештоз таъсири аввалияву бузург дорад. Кучактарин хабар аз як гӯшаи дури сайёра имрӯз ба он қодир аст, ки равандҳои иқтисодиву иҷтимоиро хеле оҷилӣ дигар намояд. Имрӯз Аврупо дар пешорӯи буҳрони бузург қарор дорад ва мебинем, ки дар асоси бархӯрдҳои иттилоотӣ (таҳримҳо, таҳдидҳо, ҳушдорҳо ва ғ.) набзи иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон дигар гашта истодааст. Шакли пешниҳоди матолиб, таҳлилу ташхисҳо ва мавқеъҳои мухталифи журналистон набзи ҳаёти иҷтимоиро идора карда истодаанд. Дар ин самт ду нуқтаи муҳимро бояд ба инобат гирифт. Якум, интернет ҳамчун василаи иртиботӣ рисолати воқифсозии оҷилиро дар қиёс бо тамоми шаклҳои васоити ахбор бештар соҳиб гардид. Дуюм, олами афкору ҷаҳонбинӣ ва маҳорати шакли пешниҳоди матлаб то ҳадде дуюмдараҷа гардида, ҷойи онро бештар маҳорату ҳунари техникӣ гирифт. Ҳамин аст, ки насли калонсоли журналистони мо имрӯз дар муқоиса бо журналистони ҷавон ба маротиб аз нигоҳи ҷаҳонбиниву маънавиёт бартарӣ дошта бошанд ҳам, вале балад набудан ба корҳои техникӣ дар соҳаи ВАО онҳоро дар баъзе сабқатҳо заиф сохтааст. Онҳо нағз менависанд, андешаи созандаву хуб доранд, ҳунари адибиро соҳиб гардидаанд, аммо дар ҳамқадам гардидан ба таҳаввулоти техникӣ имконияти пурра надоранд.

Насли калонсоли эҷодкорро наметавон танҳо бо ин омил мазаммат кард, аммо нигаронкунанда он аст, ки насли имрӯзаи журналистони ҷавон дар оянда бо кадом доираи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ба кадом нуқтаи камолот мерасанд. Хуб аст, ки ҷавони имрӯза дар кори журналистӣ қариб ҳама чизро бо худ дорад. Яъне, танҳо бо як телефони ҳамроҳи худ сабт менамояд, навор мебардорад, ҳуруфчинӣ (ба ҷойи блокноту қалами пешина) менамояд ва ҳамзамон дар вақти дилхоҳ онро аз ҷое ба ҷое интиқол медиҳад. Ҳатто имкон дорад, ки масъалаи нашри маводди худро низ (бештар ҳамчун блогер дар шабакахои иҷтимоӣ) оҷилан ҳал намояд. Дар гузашта ин ҷиҳат барои насли калонсоли журналистони имрӯза танҳо ҳавасу орзуи тасаввурнашаванда буд. Ба таври мисол дар солҳои ҳаштодум, ки он давраи шукуфоии журналистикаи тоҷик низ буд, вазифаи телефони ҳамроҳи имрӯзаро, ки дар як киса ҷойгир мешавад, ин дастгоҳу воситаҳо анҷом медоданд: камераи 8-12 киллограм вазндошта; диктофонҳои (репортёр) классикии бузургҳаҷм; фотоаппарати 1-1,5 килограмма; мошини чопии калонҳаҷм ва ба ҷойи почтаи электронии имрӯза ба воситаи лифофа назди почтаҳо рафтан.

Таҳаввулоти техникии босуръат маънии онро надорад, ки маънавиёту фарҳанги зиёиёну эҷодкорон дуюмдараҷа мебошад. Фарҳангу маънавиёт ҳамчун арзишҳои бузурги ҳаёти инсоният пойбарҷо мемонад. Ҷойи инкор нест, ки маънавиёту фарҳангу ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза дар қиёс бо даҳсолаҳо қабл заиф мебошад. Иллати асосӣ он аст, ки ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза бештар дар пояи донишҳову бардоштҳои интернетӣ ташаккул меёбад. Махсусан, онҳое, ки имрӯз дар курсии донишҷӯӣ ва омӯхтани касби журналистӣ машғул мебошанд, то андозае аз мутолиаи доимиву пайваста дур мондаанд. Мутолиа барои ҷавони эҷодкори тоҷик ногузир аст. Миллати тоҷик аз азал китобдору китобхон буд ва қадру ҷойгоҳи онро то имрӯз хуб медонад. Китоб барои аҳли башар дар давоми асрҳо мушовиру роҳнамои беминнату оромест, ки ҳеҷ гоҳ ҳарфу мавқеи худро дигар намесозад ва ин ҳақиқатро миллати соҳибтамаддуни мо бештар аз дигарон медонад. Мафкураи ҷавон (махсусан, ҷавоне, ки каму беш ҳунари навиштан дорад) ҳамеша олами осебпазир мебошад ва танҳо мутолиаи адабиёти гуногун сабаб мешавад, ки сангари устуворе дар муқобили ҷараёнҳои манфӣ ба вуҷуд ояд. Ҷавони эҷодкори тоҷик танҳо аз “Шоҳнома” қаҳрамониву ватандӯстиро меомӯзаду тарғибгари қаҳрамониҳо мешавад. Меҳнат, сабру таҳаммул ва обутоб ёфтанро аз мутолиаи “Дохунда”-ву “Одина” омӯхта метавонаду онро дар намунаи олӣ мавриди тарғибу ташвиқ қарор медиҳад. Google барои донистани таърихи мо чизе дода наметавонад, агар ҳар як ҷавони эҷодкори журналист “Тоҷикон”-и Б. Ғафуровро нахонда бошад. Ба умқи худшиносии миллӣ фурӯ рафтан танҳо ба воситаи мутолиаи ин асар имкон дорад ва бо ҳамон бардошт журналист метавонад, ки аз манфиатҳои миллӣ ҳимоят намояд.

Журналисти ҷавони имрӯза таҳаммулгарову соҳибфаросат буда метавонад, агар аз ганҷинаҳои адабиёти классикиямон (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём ва дигарон) бархӯрдор бошад ва танҳо бо ин васила дар роҳи тарбияи маънавии ҷомеа нақш мегузорад. Дар миёни худи қаламкашон ақидае ҳаст, ки агар ҳар эҷодкори соҳа ҳадди ақал сад китоби бадеиро мутолиа карда бошад, ифодаи нутқи шифоҳиву китобӣ барояш хеле осон аст. Аз ёд кардани шеъру абёти зиёд низ барои навқалам роҳҳои муфиди баёни андешаро муҳайё месозад. Ин ҳам маънии онро надорад, ки навқалам дар такя ба маънидуздӣ саҳифаҳоро пур созад. Ба ӯ танҳо донишу ҷаҳонбиниҳо ба таври номаълум дарҳои нав ба навро мекушоянд ва заминаву имконҳоро пеш меоранд.

Васоити иртиботии имрӯза ва хазинаҳои интернетӣ барои хонанда як бунбаст ба шумор меравад (табъу завқи коҳида) ва танҳо китоб аст, ки озодии комилро дар ботини хонандааш таъмин карда метавонад. Китоб ба даст гирифтани ҷавон маънои онро дорад, ки дур аз ҳамон завқи коҳида (тамошои филм ва “сайру гашт” дар интернет) барои худ роҳи орзуву умедро мекушояд. Зеро, ҳар як ҷумлаи китоб қатъият дошта, эътимоднокии маъноми онро рад кардан душвор аст. Танҳо дар ҳамин сурат журналист қобилияту ҳунари “…дидан, шунидан, дарк кардан ва то аудитория расонидани ҳодиса”-ро соҳиб гардида метавонад. Дуруст аст, ки ҷомеаи имрӯза дар алоқамандӣ ба заҳмати журналистон бинобар “ташнагии иттилоотӣ” пойбанди саволҳои “чӣ? кай? дар куҷо?” мебошад. Нуқтаи дигар бояд фаромӯш нагардад, ки “журналистикаи ахбор” ва “журналистикаи афкор” дар сабқату рақобати доимӣ қарор доранд ва ҳеҷ гоҳ яке ҷои дигарро ба пуррагӣ гирифта наметавонад. Дар журналистика жанрҳое ҳастанд, ки дар пояи фикри наву устувор ҷомеаро муътақид месозанд. Имрӯз ба истилоҳ “жанрҳои ҷанговар”-е ҳастанд, ки симои аслии ғосибону иғвоангезонро барои ҷомеа муаррифӣ менамоянд. Поя ва меҳвари устувори баъзе матолибро фикр ташкил медиҳад, ки неруи таҳрикдиҳандаи назаррас доранд. Факт муҳим бошад ҳам, муҳимтар аз он фикр мебошад, ки дар асоси он ташхиси амиқи муаммо ҳосил мешавад. Аз ин ҷиҳат журналисти соҳибфикр ҳамеша барои ҷомеа роҳнамо маҳсуб мегардад ва фикр барои ӯ силоҳи қатъист. Чунончи, «… дар памфлет мавқеи асосиро фикр ишғол мекунад ва факт ҳамчун масолеҳи пуркунандаи фикри иброзшуда истифода мешавад».

Олами интернетӣ маълумоти зиёдеро ҳам доро бошад, аммо аз ҷониби дигар паҳлуҳои манфии зиёдеро соҳиб аст. Интернет дунёест, ки нозир надорад ва ҷавонро ба ҳар гуна олами андешаҳо гирифтор месозад. Дар маҷмуъ, ин сабаб аст, ки ҷавон шабгард мешавад, ба муҳоҷират меравад, клубҳо меравад ва ё ба таҳсилу кори манфию мусбате машғул мешавад. Ҷавонро дар ин ҷодаҳо пурра муҷрим донистан аз рӯйи адолат ҳам намебошад. Зеро ӯро ҳамон неруи вуҷуд орому қарор намегузорад ва ҷурм танҳо он аст, ки агар ин неру дар роҳи манфӣ сарф гардаду ҷомеа нисбати он бетафовут бошад.

Дар ин ҳангом ӯ ба таълиму роҳнамоӣ ниёз дорад. Дар ҷавонӣ омӯзишу таълим ин идрок дар замони пирист, ки он манфиати танҳо он пир нест. Манзур он аст, ки ҷойи ҳамон насли калонсоли журналистони имрӯзаро дар оянда чӣ гуна соҳибқаламон соҳиб мешаванд. Нигаронкунанда он аст, ки оянда онҳо барои ҷавонон аз кадом минбар чӣ бояд гӯянду чӣ гуфта метавонанд.

Журналист қатъи назар аз фаъолият дар ҳамагуна расона шахсиятест, ки бояд барои ҷомеа сухани созанда гӯяд. Махсусан дар шароити имрӯзаи мураккаби ҷаҳонишавӣ, ки ҷомеа ба чунин сухан бештар ниёз дорад. Имрӯз каломи як нафар низ баъзан аҳаммият пайдо карда метавонад. Танҳо муҳим он аст, ки сухани ӯ аз кадом равзана бо кадом арзише ба омма ироа мегардад. Барои журналисти ҷавон низ зарур аст, ки роҳу усули мақбули сухан гуфтанро дарк намояд. Омода кардани як рӯзноманигори касбӣ гузашти солҳоро талаб менамояд. Дар факултаҳову шуъбаҳои журналистӣ қаламкаши ҷавон аввалин донишҳои назариявиро дар бораи касби худ ҳосил менамояд. Мутолиаву ҷустуҷӯҳо то майдони истеҳсолот рафтани ӯ аввалин ҷаҳонбиниҳои то андозае маҳдуду кучаки ӯ мебошанд.

Манзур он аст, ки дар роҳи омода кардани як журналист ва ташаккули фикрии ӯ майдони амалия низ нақш дорад. Ҳеҷ гоҳ як журналисти ҷавон баробари як журналисту қаламкаши собиқадор сухан гуфта наметавонад. Дар аввалин солҳои фаъолият дар даргоҳи матбуоту телевизион журналисти ҷавон худро дар дунёи дигар мебинад. Мутобиқ мешавад ва мувофиқ ба нишондоди муассис фаъолияти худро ба роҳ мегузорад. Муҳаққиқон дар самти тақвияти ҷаҳонбиниву соҳибфикр гардидани журналистони ҷавон паҳлуи дигарро низ ногузир медонанд: “…дар баланд гаштани маҳорати адабии донишҷуёну журналистони ҷавон публитсистони варзида нақши бузург доранд. Онҳо замоне дониш ва мушоҳидаҳои худро дар таҷрибаҳои амалӣ барои донишҷӯён дареғ намедоштанд”. Пурра қаноатмандкунанда набошад ҳам, вале имрӯз дар омода кардани журналистон устодони ботаҷрибаву унвондор саҳм мегузоранд ва кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро аз нақши сухани созандаи журналист дар раванди ҷаҳонишавӣ огоҳ намоянд. Таъбири «Хун хӯрдани фикр­ҳову ранг гирифтани сухан…» табиату заҳмати навиштану чи гуна аз минбаре калом гуфтанро бо мантиқу мазмуни уфуқдор хеле хуб ифода менамояд. Сухансозиву аз минбаре онро мақбул гуфта тавонистан низ ҳунар мебошад ва он роҳу василаи такмил ёфтани худро дорад: “Офариниши сухан бар чаҳор чиз устувор аст:

– Ҳадаф.

– Маводи лозима (модда).

– Тарҳ.

– Шахсияти созанда (муаллиф).

Тавре ки ишора гардид, қабатҳову ҷузъиёти аслии фазои иттилоотиро боз ҳам маънавиёту фарҳанг ташкил медиҳад. Минбаре, ки дар ин фазост қудрати тарбият намудани ҷомеаро соҳиб аст. Он нафаре, ки соҳиби ин минбар аст, гули худрӯ нест. Манзур он аст, ки на ҳар нафар ҳуқуқу ихтиёр ва имкони аз ин минбар сухан гуфтанро дорад ва лозиму ҳатмист, ки ӯ бояд дар корхонаи эҷодӣ меҳнату заҳмати пайваста дошта бошад: “Суханвар бояд маълумоти бисёре ҳосил кунад ва фаровон мутолиа намояд, табъи худро варзида ва пухта созад”. Аз рӯйи таълими бузургон дар бистсолагӣ дар инсон хоҳиш, дар сисолагӣ ақл ва дар чилсолагӣ фаросату ҳукм салтанат меронанд. Ин қонуният барои ҷавони эҷодкор махсус мебошад. Ва агар ин се овон босамар ва бомақсад аст, мутмаин бояд буд, ки пирии эҷодкории мо ба ҷавонӣ ҳасад нахоҳад бурд.

Имрӯз минбарҳо зиёд гардиданд ва ҳар нафари соҳибқалам аз ин минбарҳо (матбуот, радио, телевизион ва шабакаи иҷтимоӣ) ҳар лаҳза сухан гуфта метавонад. Дар номгӯи вазифаҳову уҳдадориҳои журналистӣ тарбия, ё ин, ки вазифаи маънавию ахлоқӣ муқаддам дониста мешавад. Ногузир аст, ки ҳар як муддаии касби журналистӣ қоидаҳо ва этикаи журналистиро сарфи назар насозад. Журналист қабл аз ҳама бояд аудиторияи худро эҳтиром намояд: “Сухангӯи бадтинат ва зиштгуфтор, ки каломаш зебо нест, дилҳоро меранҷонад, хотирҳоро мушавваш месозад ва агар ҳарфи ҳақ ҳам ба забон ронад, дархӯри ҷомеа нест”.

Умуман, дар баробари ахбори имрӯза маводди таҳлиливу бадеӣ дар тарбия ва равони аҳли ҷомеа нақши устувору бузург дорад. Бояд ба назар гирифт, ки аудитория танҳо ташнаи ахбор нест ва ҳатман ниёз ба матолибе дорад, ки дар он фикр ва андешаи солиму ҷолиб ғолиб аст. Агар имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба сифати ҷузъе аз фазои иттилоотӣ ба ҳисоб равад ҳам, бо назардошти қисме аз муштариёни завқманд наметавон онро бо ёвагӯиҳо пур сохт. Фазои хабарӣ ҳамеша дар пайи таҳаввул аст ва журналистони ҷавон то қадри имкон бояд бо касбияти баланд роҳ ба сӯйи оянда пеш гиранд. Бояд дар раванди омодашавии ҷавонони навқаламу навқадам дар овони омӯзиши касб чанд нуқтаро ба назар гирифт:

– тақвияти донишу ҷаҳонбиниҳо дар заминаи мутолиаиадабиёти бадеии ватаниву хориҷӣ;

– омӯзиши қоидаҳои техникии дастгоҳҳои сабту навор ва пахшу интиқоли он;

– мутолиаи ҳатмии ҳамагуна воситаи ахбор ҳадди ақал дарандозаи интихоб;- ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ доштандар омодасозии маводди таҳлилӣ;

– дар робитаи пайваста қарор доштан бо намояндагонивасоити ахбор ва ширкат дар суҳбату мулоқот бопублитсистону адибони собиқадор;- дар доираи фаросату қобилият дарк намудани хосият ваталаботи фазои иттилоотӣ;

– иштироки пайваста дар маҳфилҳои ихтисосӣ ва инфиродииустодони соҳа.

(Бознашр аз нашрияи “Ҷаҳони паём”, 17 августи соли 2022)

Бахтиёри Қутбиддин, доктори илмҳои филологӣ, дотсент,декани факултаи журналистикаиДонишгоҳи миллии Тоҷикистон