ҶИЛОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

597

Муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

 Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдату ҳамдастӣ ва муттафиқию ҳамсилкии аҳли ҷомеа ва вафопешагии онҳо бар меҳани хеш пояи боэътимоди истиқлол, тавоноӣ ва шикастнопазирии давлатро ташкил медиҳад.

Абулфазли Балъамӣ

Вақте сухан аз Истиқлолияти Тоҷикистон меравад, пешорӯи ҳар яки мо дирӯзу имрӯзи Ватан ҷилвагар мешавад. Ҳамагон медонем, ки рӯзҳо ва солҳои аввали Истиқлолият ба сари мардуми мо кашмакашҳои зиёде пеш омад ва ҳар як ҳизбу ҳаракат талоши ҳокимияти сиёсӣ мекард. Ҳизбу ҳаракатҳо мисли замбуруғи баъди боронӣ ташкил мешуду мардуми одию гумроҳро ба ҳар сӯ мекашид. Ин буҳрони сиёсӣ ба буҳрони иқтисодӣ ҳамнаво гашта, бо дасти сеюм Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хомӯш кардани ҷанги шаҳвандӣ кори осон набуд. Вале фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон шабу рӯз ба хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ камар баст ва он бо заҳмати зиёд, талошҳои шаборӯзӣ комёб шуд. Акнун эъмори давлати навини Тоҷикистон пешорӯи ин марди бузург меистод. Истиқлолият ва давлати миллӣ барои ӯ мафҳумҳое буданд, ки пос доштан, онро ҳифз кардан, тақвият бахшидан, мукамал намудан, ба арсаи ҷаҳонӣ шиносонидан, парчами онро ҷило додан, суруди миллиро шунидан, нишони онро муаррифӣ кардан, халқашро аз бенавоӣ ва гуруснагӣ баровардан, сарҷамъ кардан, ба ҳамдигар оштӣ додан, бахшидан, ба давлати пешрафта расонидаи Тоҷикистон дар рагу пайвандаш ҷуш мезад. Ӯ андешаи хуберо ба бор меовард, ки халқи тоҷик бояд тақдири худро худашон ба даст гиранд. Аз ин ҷо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади хеш таъкид доштанд: «Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад». Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои халқи тоҷик ҳам орзуву омол ва ҳам атои худовандӣ буд, ки садсолаҳо орзуяш мекарданд. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле нодир буд. Дар ҳамин ҷо аз андешаи Ҷаноби Олӣ ёдовар мешавем, ки навишта буданд: «Истиқлолият нишони ҳуввият ва озодии миллат аст». Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст. Албатта, ӯ пешравӣ ва шукуфоии ватанро аз вафопешагии халқаш, мардуми заҳматкашаш медонад. Хотиррасон бояд кард, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро барои Раёсати олии мамлакат пазируфтани намояндагони халқ ва дар ин замина эътироф шудани ӯ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон як фоли неке дар таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Ба хушбахтии мардум ва миллати азияткашидаи тоҷик Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсеро ба арсаи сиёсат овард, ки тамоми ҳастии худро барои барои барқарор кардани сулҳу салоҳ, оромиву амонӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сохторҳои ҳокимият, баэътидол овардани низоми сиёсии ҷомеа, сохтори давлатӣ, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҷомеаи демократӣ бахшида буд.

Дар чунин як давраи хеле мураккабу душвори солҳои аввали Истиқлолият Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш мекард, ки ҳарду тарафро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, қурбониҳои зиёди ҷонӣ, ҳисороти иқтисодӣ, руҳию равонӣ, маънавӣ берун кашад. Ӯ тавонист, ки дар як мудати хеле кӯтоҳи таърихӣ дар кишвар сулҳу оромӣ, иқтисоди мамлакатро зина ба зина барқарор намояд, фирориёнро бозгардонад, фаъолияти бонизоми сохторҳои идорӣ ва маъмуриро таъмин созад. Ба андешаи Сарвари давлат «Истиқлолияту озодӣ муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат аст». Озодии сухан, озодии баён, виҷдон, гуногунандешӣ, ки асоси ҷомеаи демократӣ мебошад, бо якҷоягии ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои худогоҳию хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ хизмат карда, барои пешгирии ҳаргуна ҳаракатҳои номатлуб ва низоъҳо нақши муҳим дорад. Дар ҳамин давра ғояи Истиқлолият, Ваҳдат, Сулҳ, Озодӣ, Ҳамдигарфаҳмӣ, Якпорчагии Ватан ҳамчун мафҳумҳои муқаддас бо хатҳои заррин дар саҳфаи таърихи тоҷикон навишта шуд, ки поягузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд… Зикр бояд кард, ки зимни таҷлили 15-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда буданд ки: «Ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он давраи барои тақдири Ватан ва халқи кишвар ниҳоят душвор чӣ масъулиятеро ба зимма гирифтам. Ва бо такя ба ақлу заковати халқамон, ки ворисони миллати хирадманди тоҷик мебошанд, савганд ёд кардам, ки то вақте дил дар синаам метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам, тамоми қуввату ғайрат ва донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона сохта, ба хотири шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона заҳмат мекашам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Имрӯз, ҳама пиру ҷавон, хурду бузург медонанд, ки Сарвари давлат ба ваъдаҳои додаашон вафо кардаанд. Дар ҳамин ростои таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз он 31 сол сипарӣ шудааст, аз ҳар як зиёӣ, аз ҳар як эҷодкор, аз ҳар як фарди бовиҷдон, меҳанпараст, худогоҳу худшинос ба хотири ватанаш, миллаташ, фарҳангаш, марзу буми аҷдодиаш тақозо мешавад, ки дар тарғибу ташвиқ намудани дастовардҳои замони Истиқлолият, моҳият ва рисолати он, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз, ки дар пешорӯи он симои бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меистад, саҳми арзанда дошта бошанд. Истиқлолияти миллӣ барои мо тоҷикон як қутбномае аст, ки 31 сол инҷониб зери парчами он мо зиндагӣ дорем. Маҳз тавассути истиқлолият мо тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон чун миллати куҳанбунёд, соҳиби таъриху тамаддуни қадима шинохтаанд. Истиқлолият ба мардуми мо ҳувияти миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва фазилатҳои неки ниёгонамонро доир ба шинохти хеш, ҳамчунин ватанпарварию меҳандӯстдориро рӯйи кор овард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ аз заҳмати мардум боифтихор ёд карда, гуфта буданд: «Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд». Таъкид кардан бамаврид аст, ки воқеаҳои марзии тоҷику қирғиз дар шимоли Тоҷикистон ва талошу орияти ватандӯстонаи мардуми тамоми гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистони сохибистиқлол ҳамин суханҳои аз дилу ҷон гуфтаи Сарвари давлатро тақвият мебахшад, ки мояи ифтихор аст. Дар ҳамин ҷо ҳамагон фаҳмидем, ки хизмати аскарӣ кардан барои ҳимояи марзу бум ба ҳама ҷавонони ватани соҳибистиқлоламон муқаддас ва шараф будааст. Ин мавзӯи дигар аст, ки мо онро дар мавриди дигар пайгирӣ хоҳем кард. Аммо мусаллам аст, ки ҷузи Истиқлолият ин мудофиаи Ватан ва амнияти он аст.

Истиқлолият атое буд, ки садсолаҳо, ҳатто зиёда аз ҳазор сол интизораш будем ва он рӯз ҳам фаро расид. Ҳамин истиқлолияти миллии моро душманони миллати мо таҳаммул карда натавонист ва солҳои аввали истиқлолият кашмакашҳои дохилӣ ва сипас ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд… Хушбахтона, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, Тоҷикистони азизи мо рӯ ба Сулҳу Ваҳдати миллӣ овард… Сипаҳсолори ин Сулҳу Ваҳдат, Истиқлолият, Озодӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буданд. Хизматҳои шоистаи ин марди бузург дар саҳифаҳои таърихи ватанамон бо хати заррин навишта шудааст. Аммо ба назари инҷониб шистатарин хизмати ин марди асил ин:

1. Ҷанги шаҳрвандиро боздошт ва мардумро ба ҳам оварда, сулҳу салоҳро дар Тоҷикистони азияткашида барқарор намуд.

2. Давлати навини чун тифл навзоди Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва пошхӯрӣ эъмин нигоҳ дошт.

3. Қисмати мудофиавии давлати тозаистиқлолро ташкил ва барқарор, рукнҳои онро азнавсозӣ кард.

4. Сиёсати дохилӣ ва берунии Тоҷикистонро бо як ҳисси баланди сиёсӣ муайян ва онро дар амал татбиқ намуд.

 5. Эътироф намудани таълиму тарбия дар таҳкими Истиқлолият ва дар ин замина муҳимтарин василаи ҳифзи сохтори давлатӣ маҳсуб ёфтани он, ҳамчунин афзалият бахшидан ба он мароми Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол будааст…

Аз ҳазорҳо хизмати шоистаи ин марди бузург як ҷузъашро мо ёдовар шудем. Хизматҳои шоистаи ин марди бузургро халқ эътироф кардааст… Баъди ба истиқлолияти комил расидани Тоҷикистон журналистони тоҷик 31 сол боз ин мавзӯи муҳимро ба халқ, ҷомеа шарҳу тавзеҳ дода, дастовардҳои онро дар саҳифаҳои матбуот инъикос менамоянд. Инъикоси ҳаматарафаи дастовардҳо, расидан ба мақсадҳои олӣ, ҳадаф ва мавзуъҳои зиёд марбут ба истиқлолият маҳз ба воситаи матбуот, радио, телевизион сурат гирифтааст. Тавассути силсилаи барномаҳои радиою телевизион, ташкили рубрикаю гӯшаҳо дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо, ҳамарӯзаю моҳият, аҳамият, зарурият, воқеият, расидан ба ин рӯзи саид, таърихи он, мушкилот ва ҳадафҳои миллӣ ба мардуми мамлакат фаҳмонида мешавад.

Журналистони тоҷик асолати касбии худро воқеан дар назди миллат, Ватан ва халқ иҷро мекарданду мекунанд. Паҳлӯҳои гуногуни истиқлолияти миллиро журналистон ва ҳар як фарде, ки ба эҷод машғул аст, аз нигоҳи худ, диди худ ба тасвир кашида, воқеиятро ба он андозае, ки дарк кардааст, инъикос намудаасту менамояд. Ҷолиби диққат он аст, ки тамоми тоифаи зиёиёни мо ва онҳое, ки қобилияти эҷодӣ ва тасвирӣ доранд, андеша, гуфтор, навиштаҳояшро доир ба истиқлолият рӯйи саҳифаи ВАО овардаанд. Журналистони тоҷик нақши истиқлолияти давлатиро бо тамоми паҳлӯҳояш инъикос карда, рисолат, муҳимият, аҳамият, воқеияти истиқлоли миллиро ҳамзамон ба омма, ба халқ, ба хонандаи худ расонида, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро поягузори Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ ва нишон дода тавонистаанд. Аз ин ҷо меарзад, ки навиштаамонро бо як суханҳои арзишманди узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор С. Ятимов ҷамъбаст намоем: «Хиради азалӣ, интихоби ягона роҳи дурусти раванди сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, қобилияти бузурги ташкилотчигӣ, иродаи қавии сиёсӣ, кордонӣ, ҷавонмардӣ, қудрати дар атрофи худ сарҷамъ кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа, сарфи назар аз ҷаҳонбинӣ ва манзалати иҷтимоӣ, ба як мақсад сафарбар карда тавонистани оммаи мардум аз омилҳои асосии обрӯ, эътироф, эътимод ва ба маҳбубияти умумимиллӣ сарфароз гаштани Раҳбар ва Пешвои миллати тоҷик мебошад. Дар ин вазъият, Пешвои миллат ва мардум дар якҷоягӣ ба қувваи бузурги умумиҳалқӣ мубаддал гаштаанд».

Аъзамҷон Азимов, профессори ДМТ