ХУШО МЕҲРГОН ОМАД…

466

Дар Тоҷикистон 13 сол инҷониб якшанбеи сеюми моҳи октябр Иди Меҳргон таҷлил карда мешавад. Ҳамасола Меҳргон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё карда шуд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо Меҳргон ҳамчун иди миллии кишвар шинохта шудааст.

Бо ин мақсад имрӯз (22.10.2022) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷашни куҳанбунёди тоҷикон – Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Намояндагони сохторҳои мухталифи донишгоҳ аз дастархони идонаи факултетҳои химия ва фарматсевтӣ, ки бо фарогири меваю сабзавоти ватанӣ ва гушае аз ҳунарҳои мардумӣ ороста шуда буд боздид намуданд. Ректори донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронии худ зикр кард, ки Истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳалаи тоза боз намуд. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ, табиӣ, файзу баракат, фаровонӣ аз нав эҳё гардида, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос дар сар то сари кишвари соҳибистиқлоламон ҷашн гирифта мешавад.

Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,

Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон…

Ба таъкиди Роҳбари давлат эҳёи ин маросимҳо танҳо ба хотири ҷашнгирӣ нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисон ба шумор меравад.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултетҳо барномаи хотирмони фарҳангӣ -фароғатӣ пешниҳод гардид.