САНАИ САРНАВИШТСОЗ ВА ФАРЗАНДИ БАРУМАНДИ МИЛЛАТ

263

Санаи сарнавиштсози ҳар як халқу миллат бо корнамоҳои каҳрамонона ва ҷонисоронаи фарзандони шарафманду фарзонаи он ибтидо гирифта, натиҷаҳои назаррасеро ба монанди сулҳу истиқлолилияти сартосарӣ, ваҳдату ягонагӣ ва оромию саодатмандӣ, ки поягузори шароитҳои беҳтарин барои расидан ба қуллаҳои муваффақият ва амалӣ гаштани ормонҳои деринаи он халқу миллат мебошад, ба бор меорад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик ин сана 16-уми ноябр ва фарзанди барумандаш, ки ин сана бо номи ӯ пайванди ногусастанӣ дорад, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.

Дуруст аст, ки инъикоси симои шахсе, ки халқи садсолаҳо аз саҳнаи таърихи сиёсӣ дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардааст, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот додааст, инъикоси симои инсоне, ки миллатро дар кутоҳтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидааст, тасвири корнамоии фарзанди миллат, ки ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашида, ҷинояткоронро авф карда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада Ваҳдат, субот, амният оварда, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор намуда, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии ба ғоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, оби наҷотбахши озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони миллат муттаҳид карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намудааст, кори саҳл нест. Зеро инъикоси ин гуна симо ва чунин корнамоиҳо, аз ҳар шахси эҷодкор дидгоҳи васеи назариву амалиро тақозо дорад.

Соли 1992 Иҷлосияи таърихиву тақдирсози ХVI Шурои Олӣ дар пойтахти давлат не, балки дар шаҳри Хуҷанд даъват шуд. Имтиҳони таърихӣ дар назди вакилони Шурои Олӣ масъалаи наҷоти миллат ва давлатро дар интихоби дурусти роҳбари нав гузошта буд.

Вакилон ҷавони ҳақиқатгӯ ва адлгаро Раҳмонов Эмомалӣ Шарифовичро интихоб карданд ва иштибоҳ накарданд. Замона бо гузашти ҳодисот, вақт бо муборизаҳои бешумор, таърих бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки интихоб саривақтӣ, таърихӣ ва дуруст буд.

Назди Роҳбари ҷавон вазифаҳои бениҳоят мушкил ва тақдирсоз қарор доштанд. Аввалин ва асоситарин вазифа тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми танзими муносибатҳои иҷтимоӣ буд. Ташкили низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимояткунандаи шаҳрвандон, таҳияи низоми судӣ, яъне бунёди як механизми мукаммали идораи давлат, ки тавонад халқро аз балои омада халос намояд. Яъне идораи давлатро бунёд кардан лозим буд, то ин ки низоми идораро аз ҷангиён гирифта, ҷангро хотима бахшида, мардумро ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ расонад.

Дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ қабул шудани қонунҳо «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гувоҳи он буд, ки ташаккули давлати мустақили Тоҷикистон баъд аз эълони Эъломияи соҳибихтиёрӣ аз 24 августи соли 1990 ва Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ аз 9 сентябри соли 1991 ҳанӯз идома дошт. Раванди мазкур на танҳо аз назари қонунӣ ба итмом нарасида буд, балки давлат то ҳанӯз рамзҳо ва аломатҳои муҳимми қонунии ифодакунандаи худро пайдо накарда буд. Ин рамзҳо ва ин аломатҳоро давлат таҳти роҳбарию ҳидоятҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон касб кард.

Масъалаҳое, ки Роҳбари ҷавони давлат 30 сол муқаддам дар ҳалли онҳо иқдом намуд, воқеан масъалаҳои бунёдии давлатдорӣ буданд: «таъсис додани Артиши миллӣ, пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд.» (аз Муроҷиатномаи 12 декабри соли 1992). Дарвоқеъ, ҳамин Муроҷиатномаи нахустини ӯ барномаи мушаххаси бунёди давлати комилан муосири миллӣ ва демократӣ буд, ки паси ҳар сатри он воқеаҳо, ҳодисаҳо, пешравиҳо, масрафҳои моддию маънавӣ ва ислоҳоти азим истода буданд, ки барои нахустшунавандаҳо орзую армон буда, имрӯз барои мо воқияти бебаҳс гаштаанд.

Баъдан, ислоҳоти низоми идора таҳти се ислоҳоти конститутсионӣ (солҳои 1999, 2003, 2016 ) се давраи мукаммалро паси сар намуда, дар кишвар институти президентии комилан халқӣ, парлумони касбӣ, Ҳукумати ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ, ҳокимияти судии мустақил, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, интихоботи шаффофи Президент, парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, институти ҳуқуқи инсон – ваколатдор дарёфти расмии Пешвои миллат, давра ба давра заминаҳои ҳуқуқии худро пайдо карда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунёвӣ ба сафи давлатҳои миллии муосир ҳамроҳ намуд. Масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа барои ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳост. Агар ният суботи комил, оромии кишвар ва ваҳдат бошад, ӯ албатта ба мақсад мерасад, дар акси ҳол не. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар шароите, ки садою нолаи модарон аз ҷонибҳо ба дуо баланд мешавад, даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан қаҳрамонӣ ва матонати хосаро талаб менамуд.

Вале ин роҳи ягона буд, ки бо гузаштан аз бисёр манфиатҳо ба даст меомад. Онҳое, ки хостори созиш ва сулҳ набуданд, дар ҳарду ҷониб зиёд буданд. Роҳбари ҷавон ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо сари зону нишастан назди рамзи озодии миллат – Парчами давлат бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд.

Нахустин қонунҳои қабулкардаи Иҷлосияи ХVI маҳз ба масъалаи ба ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон ихтисос ёфта буданд. Қонунҳо “Дар бораи гурезагон”, “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992” бо вуҷуди он ки баъдан ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд, дар асл баёнгари сиёсати роҳбарияти нави Шурои Олӣ буданд, ки ба сулҳ ва ваҳдати мардуми кишвар бахшида шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданашон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.”

Тавре маълум гашт, Пешвои мардумӣ қадам ба қадам ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагону Офаридгори замину осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Танҳо чунин шахс, чунин роҳбар қудрате дошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар як муддати кутоҳ хомӯш созад. Танҳо ҳамин дастовардаш қодир аст, ки ба ӯ ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром намоем.

Азизқулова О.А.,д.и.х., профессори кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ