ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАҚДИРСОЗ

277

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил ёфта, марҳалаи далатдории худро оғоз намуд, вале дар чунин давраи нихоят ҳассос қувваҳои гуногуни сиёсӣ роҳҳои ғайриконститутсиониро пеш гирифта, гирдиҳамоии шадидро давом дода, соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хавф гузоштанд.

Раҳмон Набиев вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда баҳри аз байн нарафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлол Точикисатон роҳи мусолиҳаро пеш гирифта гиоифт, аммо гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ авзои мамлакатро торафт ноором мегардонданд. Вазъият чунон мураккаб гардид, ки Р. Набиев маҷбур шуд дар арафаи интихоботи президентӣ ваколатҳои Раиси Шӯрои Олиро боздорад. Ва ниҳоят, 24 ноябри соли 1991 ба таври райъпурсии умумихалқӣ Р. Набиев Президенти мамлакат интихоб шуд, аммо дар ҷумҳурӣ, хусусан, дар сохтори болоӣ, дар Парлумон ва Ҳукумат се гурӯҳи гуногун ташкил ёфта буданд.

Гурӯҳи аввал – онҳое, ки адои вазифа доштанд.

Гурӯҳи дуюм – такя ба умеду дастгирии қувваҳои беруна ва самаранок истифода бурдани тарзи зӯроварӣ фаъолият мекарданд.

Гурӯҳи сеюм – онҳое, ки мавқеи бетарафиро пеш гирифта, интизори ғолиб гаштани қувваҳои муборизабаранда буданд ва мехостанд бо ин роҳ соҳиби мансаб гарданд.

Гурӯҳҳои ғайриконститутсионии ба ҷумҳурии соҳибистиқлол хатарнок истеъфои шахсони олимақоми кишварро тақозо мекарданд. Дар як давраи кӯтоҳ дар Тоҷикистон раисони Шӯрои Олӣ, аз ҷумла Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров аз вазифаашон сабукдӯш карда шуданд ва оқибат неруҳои оппозитсионӣ барои пеш бурдани фаъолияти Президенти Ҷумҳурӣ Р. Набиев халал расонданд. Ҳатто баъзе ниҳодҳои қудратӣ низ мақоми бетарафиро ишғол намуданд. Дар натиҷа Р.Набиев дар зери фишори гурӯҳи яроқбадастон 6 сентябри соли 1992 аз вазифаи президентӣ даст кашид ва 11-уми апрели соли 1993 вафот кард.

Ҳамин тавр, бо роҳи ғайриконститутсионӣ моҳи майи соли 1992 зери фишори сахти мухолифин Ҳукумати муросои миллӣ ташкил ёфт. Мутаассифона, ин ҳукумат аз уҳдаи иҷрои вазифааш набаромад ва дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд.

Мардуми бегуноҳи ҷумҳурӣ бо қатъият талаб мекарданд, ки ин вазъияти тоқатфарсо зудтар барҳам дода шавад. Дар чунин шароити мураккаб, ки сухан дар бораи будан ва ё аз байн рафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мерафт, даъ- ват намудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) ва аз вартаи буҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат вазифаи аввалиндараҷа гардид.

Дар чунин вазъияти ҳассос кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри фарҳанги Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви Хуҷанди бостонӣ гузаронида шуд. Аз 230 нафар вакили халқ 193 нафар дар кори иҷлосия иштирок намуданд.

Рӯзномаи Иҷлосия 23 масъаларо дар бар гирифта буд. Аз ҷумла, муроҷиати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; дар бораи тартиби ба ҷойи истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо; дар бораи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон; дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи авфи умумӣ; дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо додани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ; дар бораи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию си- ёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра буда, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

19 ноябри соли 1992 Иҷлосия Акбаршо Искандаровро аз вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ озод карда, Эмомалӣ Раҳмонро бо овоздиҳии пинҳонӣ ба ин вазифа интихоб намуд. Иҷлосия инчунин Ҳукумати нави Тоҷикистонро ташкил дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Ӯ ҳамчун сиёсатмадори варзидаву кордон дар назди вакилон суханронӣ намуда, қасам ёд кард, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад ҷони худро фидо менамояд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ пур ра пойдор гардад.

Пас аз ба охир расидани Иҷлосия Ҳукумати нави Тоҷикистон кори худро дар Душанбе оғоз намуд. 12 декабри соли 1992 Ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, нақшаи асосии сохтмони ҷомеаи демократиро муайян кард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ мебошад. Вай барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти мамлакат, Ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намууд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари тамаддуновар, дорои таърихи бузург ва фарҳанг мешиносанд, қадр ва ҷойгоҳи намоёнро бо ташабускориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишғол намудааст.

Баҳри мо чавонон аз тарафи давлату ҳукумат, бевосита аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконоту шароитҳои мусоид муҳайё карда шудааст. Мо чавонони давраи истиклол ба ҳамаи ин ғамхориҳо ҷавобан ваъда медиҳем ҳар як лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста аз паи таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдорӣ, тайер намудани кадрхои баландихтитсоси талабот ба замок,баҳри обод гардонидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони беназир самимона ва фарзандона хизмат намуда, ҷонибдор ва пайравони асили сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳем монд.

И. в. мудири кафедраи Алгебра ва назарияи ададхо н. и. ф. м., дотсент Хокиев Дониер Чалилович.