ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЧЕҲРАИ БУЗУРГИ СИЁСИИ ҶАҲОН

352

Дар авохири ҳар садсола воқеоти муҳимми сиёсиву таърихии ҷаҳонӣ бавуқуъ пайваста, раванди зиндагӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва идеологии мардумони сайёраро тобиши нав медиҳад. Асри ХХ бо барҳам хурдани давлати абарқудрати Шуравӣ ва ба вуҷуд омадани як қатор давлатҳои соҳибистиқлол дар қораи Осиё ба охир расид.

Бо даст омадани истиқлолияти давлатӣ, мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табаддулоти сиёсӣ оғоз гардид. Дар айёми издиҳомҳо, қатлу кушторҳо ва дар айёме, ки ҳанӯз ашк аз дидаҳо мерехту захму ҷароҳатҳо сӯзиш доштанд, кинаву кудурат аз дилҳо нарафта буданд, тарафҳои мухолифро сари мизи музокирот овардану сулҳ бастан чандон саҳлу осон набуд.

Илова бар ин душманони дохилию хориҷии кишвар мехостанд, бо манофеи геополитикии худ ҳуввияти миллӣ, расму русум, таърих, забон ва фарҳанги куҳану миллии мардумро аз байн бурда, моро пойбанди идеологияи бегона намоянд. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардида буданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ҳатто, хатари парокандашавии давлат ва миллат низ ба миён омада буд.

Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шурои Олӣ чун органи олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти намояндагони мардумӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Ин Иҷлосияи аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом ёфта, маҷмуан дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуда, дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, аз ҳама муҳимаш эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Хушбахтона, дар рӯзи сеюми Иҷлосия бахт барои миллати тоҷики азияткашидаи тӯли таърих хандида, офтоби эҳсону баракат барояш нуру сафо бахшиду чеҳраи нави сиёсии сарсупурдаи миллат – Эмомалӣ Раҳмонро сарвари ин миллат эълон ва эътироф намуд. Дар воқеъ ин Иҷлосия ба маънои томаш “Иҷлосияи тақдирсоз” буд. Чунки дар он тақдири ояндаи миллати тоҷик ва фанову бақои давлат матраҳ мегардид. Дар ҳалли ин мушкилот Эмомалӣ Раҳмон гаронтарин масъулиятро ба дӯш гирифта, ҳамчун сарнишини сафинаи тақдири халқи тоҷик, ин миллати бошарафу азияткашидаро натанҳо аз вартаи нестшавӣ наҷот дод, балки ин сафинаро ба соҳили мурод расонид.

Ин сарвари ҷавону матинирода аз нахустин рӯзи ба қудрат расиданаш пешгирии муқовимати шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳ дар кишварро аз аввалин ва муқаддастарин вазифаҳои худ эълон намуд. Зиёда аз ин ӯ таъкид намуд, ки «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам». Имрӯзҳо ҳамаи суханону дастовардҳои Пешвои миллат дар он марҳилаи сарнавиштсоз аҳамият пайдо кардаву ҳамчун шоҳкориҳо ба авроқи таърих сабт гардида истодаанд. Овардани гурезаҳо ба ватан муқаддастарин вазифаи Пешвои миллат имӯз аз он хотир пурмаъност, ки агар дар он шабу рӯз тақрибан як миллион гурезаи дар Афғонистон буда, дар муддати сӣ сол шумораи аз ин ҳам зиёдро ташкил дода, метавонистанд дар амнияти кишвари мо хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Барои ҳамин хислати ояндабанӣ ва дурандешии Пешвои миллат, миллати тоҷик имрӯз нисбати ӯ эҳтирому самимияти фавқулода дорад.

Дар воқеъ Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи худро бо ҷоннисориҳо ва талошҳои пайгирона амалӣ намуд. Бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷанги таҳмилии бемаънии дохилии бародаркуш, ки зиёнаш аз 7 миллиард долари амрикоӣ бештар буда, 150 000 шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданду 25000 зан бесаробон ва 55000 кӯдак ятим монданд хотима ёфт. Дар ин самт аз муҳимтарин хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки бори дигар ин меҳане, ки мардумаш дар таърих ҷафоҳои зиёд кашида буданд, аз вартаи нестшавӣ наҷот дод. Ин аст, ки модели таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалии омӯзиши масъалаҳои ҷангҳои дохилию минтақавӣ эътироф гаштаю ҳамчун мактаби омӯзиш пазируфта шудааст.

Бо хизматҳои шабонарӯзӣ ва пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба он оварда расонид, ки 27-уми июни соли 1997 ҳамчун Рӯзи Ваҳдаи миллӣ дар тору пуд, ҳастӣ ва вуҷуди миллати тоҷик ташаккул ёфта, пухта шуда, дар шакли як санади таърихӣ ва тақдирсоз бо хатҳои заррин сабт гардид. Сокинони шарафманди Тоҷикистон хизматҳои фаровону ҷоннисориҳои шабонарӯзии сарвари олии сиёсии кишвар – Эмомалӣ Раҳмонро дар марҳилаҳову давраҳои мухталифи ваҳдати миллӣ шоҳид гашта, Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ», балки «Пешвои миллат»-эътироф намуданд.

Оғози ҳазораи нав барои мардумони сайёра мушкилоти зиёд ба бор оварда, раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ барои инкишофи аксари давлатҳо монеаҳои ҷиддӣ ба пеш гузошт. Баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бар он шуд, ки аз кадом роҳ миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Барои муаррифии миллати тоҷик роҳе ҷуз эҳёи арзишҳои миллӣ дида намешуд. Аз ин рӯ, дар кӯтоҳтарин муддат ба таҷлили бузургтарин ҷашнҳои миллӣ, ки мақсад аз таҷлили онҳо ба ҳам овардан, муттаҳид намудан ва муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ, баъди офатҳои табаддулоти сиёсӣ боз ободу зебо намудани кишвари азизамон маҳсуб мегардид, рӯ овард. Дар ин самт як қатор чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар мавриди таҷлили 1100 солагии Давлати Сомониён, соли 2006 Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии шаҳри Хуҷанд, 2700 солагии китоби гаронмояи гузаштагони мо – Авесто, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1310 солагии Абӯҳанифа Имоми Аъзам, 1200 солагии Имом Бухорӣ, Ҷашнвораҳои шоирони оламшумулу донишмандони бузуги тоҷик ба монанди бузугдошти одамушуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абӯалии Синову Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хаким Тирмизӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров ва боз бузургдошти даҳҳо донишмандони шаҳири тоҷик таҷлил гардид, ки бо кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамон шӯҳрат ва нуфузи собиқаи аздастрафатаашро барқарор намуд. Дар сиёсати дохиливу хориҷӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари созанда муаррифӣ гардид.

Дар баробари муаррифии фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ боз ба эҳё ва муаррифии дигар арзишҳои миллии давлатдорӣ – арзишҳои миллӣ-таърихӣ оғоз намуда, як қатор ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангии кишварро ба воситаи конфронсҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ташкилоти бонуфузтарин фарҳангии дунё Юнеско ворид намуд, ки бо шунидани маданияти Саразму Ҳисор ва таҷлили Наврӯзи Аҷаму Саддаву Меҳргон, муаррифии фарҳанги бойи либоспӯшию таомпазӣ, сокинони Сайёра кишвари моро ҳамчун кишвари соҳибтамаддуну сокинони онро ҳамчун мардумони дорандаи фарҳанги қадиму ваҳдатофар ва тамаддунсоз мешиносанд. Бояд махсус қайд намоям, ки бо кӯшишу заҳамоти шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Аҷам, аз Наврӯзе, ки дар кӯчаву паскӯчаҳо ва ҳатто таҷлил карда мешуд, ба «Наврӯзи байналмилалӣ» мубаддал гашт, ки имрӯз ба хотири гиромидошти арзишҳои миллии умумиинсонии Наврӯз он дар бузургтарин давлатҳои сайёра ҷашн гирифта мешавад.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ дарак медиҳанд, ки ҷаҳони муосир дар гирдоби пуртаззоди падидаву зуҳуроти гуногуни номатлуби эстремистию террористӣ қарор дорад, ки сокинони кишвар аз куҷо маншаъ гирифтану ба куҷо рафта расидани онҳоро кам огаҳӣ дорад. Танҳо ҳамин нуқта маълум аст, ки ҳама гуна зуҳурот барои амалинамоии нақшаҳои ғаразноки як гурӯҳ ва ё афроди манфиатҷӯ хидмат намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои онҳо ба арзишҳои волои миллию мазҳабӣ дастдарозӣ менамоянд. Ин қудратҳо ва ё гоҳҳо гурӯҳҳо зери идеологияи фарҳангӣ бегона мехоҳанд, ки ҳадафҳои пасипардагии худро амалӣ созанд. Аз дигар ҷониб шеваҳои сиёсии сиёсати якқутбии имрӯзаи ҷаҳонӣ бешубҳа дар ҳамин самт шаклу қолаб гирифтаистодаанд. Аз воқеоти нангини солҳои охири дар як қатор кишварҳои ҷаҳон рӯхдода, аён гардид, ки айни замон тамаддуни исломӣ бо тамаддунҳои масеҳию буддоӣ дар як бархӯрди шадиди пасипардагӣ қарор дорад, ки он рӯз то рӯз доманаҳои васеътарро фаро гирифта, шаклҳои гуногуни муборизаро касб карда истодааст.

Аз солҳои шастуми асри гузашта то ин ҷониб олами ғарб олами шарқи исломиро бо айби терроризм гунаҳкор месозад. Дар ин самт низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон, нисбати ҳифзи арзишҳои фарҳанги умумиинсонии исломӣ бетараф набуда, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ изҳор дошт, ки «терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Ислом, терроризм ва ифротгароиро маҳкум менамояд.» Инчунин қотеъона таъкид намуд, ки «терроризм-ватан, миллат ва мазҳаб надорад». Чунин пуштибонӣ аз дину мазҳаб дар минбарҳои ҷаҳонӣ, боиси он гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои ғамхори мусалмонони дунё ду маротиба ба қатори «500-мусалмони маъруфи ҷаҳон» шомил гардад. Ин шоҳкориҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро бори дигар ҳамчун Пешвои миллат муаррифӣ намуд. Солҳои охир дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар чор ҳадафи олии стратегии кишвар, аз қабили баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ ва аз саноатикунонии Тоҷикистонро қабул ва роҳандозӣ намуда, барои иҷроиши ин ҳадафҳо бузургтарин шоҳкироҳо аз қабили истифодаи роҳҳои автобилгарди дорои аҳамияти дохиливу минтақавӣ ва байналмилалӣ, роҳҳои оҳани аҳамияти байналмилалидошта, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва аз кишвари кишоварзӣ ба кишвари кишоварзию саноатӣ табдил додани кишвари азизамон гомҳои устувор мегузорад. Солҳои охир барои ҳадафи чоруми стратегии давлатӣ – аз кишвари кишоварзӣ саноатӣ ба кишвари саноатӣ – кишоварзӣ табдил ёфтани кишвари маҳбубамон низ заҳамоти зиёд ба харҷ дода шудааистодааст.

Дар самти қонунгузорӣ бошад, Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуявӣ ва ягона эътироф гардида, минбаъд дар ин самт низ эҳёи арзишҳои миллӣ ба инобат гирифта шуд. Бо баҳрагирӣ ах низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории таърихии миллӣ, як силсила қонунҳои миллӣ аз қабили Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» қабул гардиданд, ки қабули ин қонунҳо сокинони кишварро фарҳанги сарфакорӣ омӯхта, колбади пур аз хурофотии миллати тоҷикро аз ҳама гуна зиёдаравиҳо орӣ хоҳад намуд. Натиҷаи мусбии қабули қонунҳои мазкури миллӣ бо он мушоҳида мешавад, ки имрӯз модели ин қонунҳо аз ҷониби дигар кишварҳои ҳамҷавори мо мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирифтаистодаанд.

Дар маҷмӯъ Пешвои миллат дар тули умри бобаракати хеш тавонист, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ – маорифу тандурустӣ, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи дохилию хориҷии кишвари ҷангазадаро ислоҳ намуда, ҳамаи соҳаҳои фалаҷшудаи баъдиҷангиро ба соҳаҳои пешқадами замон мубаддал гардонад.

Дар урфият мегӯянд, ки “офарандаи таърих халқ аст”. Дар асл, таърихро ғолибону фотеҳони бузург, чеҳраҳои бузурги сиёсии ҷаҳонӣ ва пешвоёну доҳиҳо меофаранд. Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари бунёди давлатдории миллӣ ва эҳёи арзишҳои дигари фарҳангии миллӣ, бо таълифи бузургтарин осори таърихии худ “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Забони миллат – ҳастии миллат“, “Куруши Кабир”, “Чеҳараҳои мондагор” ва дигар осори пурғановати хеш дар самти таърихнигории тоҷик на танҳо ҷараёни нави таърихнигориро бавуҷуд овард, балки таърихнигории тоҷикро тағйир ва ба он тобиши нав дода, эҳёи арзишҳои миллиро ҳадафи асосии муаррихон медонад.

Бо баҳрабардорӣ аз чунин сабақҳои таърихӣ, мушкилоти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва падидаҳои номатлуби сиёсии асри XXI, Пешвои миллат бо таълифи осори гаронмояи таърихии хеш, бо мақсади муттаҳид намудани миллати тоҷик дар баробари ба даст овардани “Ваҳдати миллӣ”, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ-тоҷикӣ, эҳёи худшиносиву худогоҳии миллӣ, балки муҳимтарин аз ҳамаи он пойдевори кохи идеологияи миллии тоҷикро бунёд намуд.

Имрӯзҳо ҳамаи заҳматҳову дастовардҳои Пешвои миллат дар самти муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҷонибдорӣ аз фарҳанги исломи ноб дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷилавгирӣ аз терроризму радикализми динию сиёсӣ, пешниҳодҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонии ӯ дар самти ҳалли мушкилоти нарасидани оби тоза, гармшавии иқлим, партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, Пешвои муаззами миллатро натанҳо ҳамчун чеҳраи сиёсии умумимиллӣ, балки ҳамчун чеҳраи сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд, ки чанде пеш ҳамчун лидери кишварҳои Осиёи Марказӣ пазируфта шудани он Ҷумҳурии Тркманистон ва дастгирӣ ёфтани якқатор пешниҳодҳои ӯ дар кунгураҳои байналмилалии Созмони милали мутаҳид шоҳиди ин гуфтаҳост.

Пас, барои чунин хизматҳои шоёни таҳсину офаринҳо месазад, ки санаи мубораки 16-уми ноябр – Рӯзи Президентро ҳамчун рӯзи кашфи чеҳраи тобноки сиёсии таърих, ки ба давалати фаноёфтаистодаи тоҷик умри дубора бахшиду миллатро аз вартаи нестшавӣ наҷот дод бо мамнуият ва арҷгузорӣ таҷлил намоем.

Ғуломов Т.М., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии ДМТ, номзади илми фалсафа