Имрӯз (20.04.2026) дар ҷаласаи васеъи ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон натиҷаҳои Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм», ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ҷамъбаст гардид.
Дар ибтидо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. доир ба аҳаммияти баргузории конференсияи мазкур суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар конференсияи имсола маърӯзаҳои илмии устодону кормандон, докторантону аспирантон ва донишҷӯён доир ба масъалаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносию ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Умед аст, ки маърӯзаҳои дар ин конференсия пешниҳодшуда барои ҳалли масоили гуногуни илмӣ то як дараҷа мусоидат намуда, дар оянда ҷиҳати рушди инкишофи соҳаҳои мухталифи илм ва ба ҳам пайвастани илму истеҳсолот заминаи хубе фароҳам меоварад, – афзуд Сафармамадзода С.М.
Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа як қатор устодону муҳаққиқон, аз ҷумла н.и.и., дотсент, мудири кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ғолибназар Соҳибов, муаллими калони кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналмилалӣ Бахтиёр Баҳриддинзода, н.и.б., дотсент, мудири кафедраи экологияи факултети биологияи Донишгоҳ Маҳмадшариф Бутаев ва докторанти фалсафа (Ph.D)-и кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хусрав Маҳмадёрзода дар робита ба мавзуъҳои гуногун маърӯза намуданд.













