20-уми апрели соли 2026 дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ниҳоии озмуни “Шоҳномахонӣ” бо забони чинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 80 нафар довталаб иштирок намуданд. Дар озмун намояндагони сохторҳои гуногун, аз ҷумла Ҳан Дон Чи -котиби генералии Иттиҳодияи чинӣ дар Тоҷикистон; Ян Хуэй – директори Маркази тиббии ташхису табобати Тоҷикистону Чин; Чэн Чанпин – директори генералии шуъбаи Душанбеи ширкати ҳавопаймоии China Southern Airlines; Урози Раҳмон – хатмкардаи Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муовини вазири Раёсати рушди Хадамоти давлатии идораи ҳавопаймоии Тоҷикистон; Хоҷамуродова Шаҳноза – мудири кафедраи забонҳои Шарқи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон; Имомзода Маҳина – директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон; Сун Ҷин – директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Чин, инчунин устодону хонандагон.
Ин чорабинӣ аз 27 март оғоз ёфта, 40 нафар довталабро аз Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва нуқтаҳои таълимии вобастаи он ҷалб намуд. Баъд аз баргузории давраҳои интихобӣ дар Донишкада ва пойгоҳҳои таълимии он, 13 нафар иштирокчии беҳтарин интихоб шуда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар оғози чорабинӣ, директори Донишкада Имомзода Маҳина ҳамаи меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки озмуни имрӯза на танҳо саҳнаи намоиши истеъдоди иштирокчиён аст, балки минбари муаррифии дастовардҳои омӯзиши забони чинӣ, аз ҳама муҳимаш “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро бо забони чинӣ қироат намудан худ як истеъдоди баланд ба ҳисоб меравад. Инчунин, ӯ ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи Пойтахт ва Р-зи байналмилалии забони чинӣ табрик намуд.
Дар зимн 13 нафар иштирокчӣ бо маҳорати баланд баромад намудаанд. Дар натиҷа Ван Ло Чен (Сумая) аз Гимназияи “Кафолат” сазовори ҷойи аввал; Ғаффоров Аҳрор – донишҷӯйи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Муҳаммадсолеҳ Синозод – хонандаи Донишкадаи Конфутсий сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Одиназода Имрон аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ, Нажмуддинова Анора аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Сабзакова Манаси аз Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.










