ПАРЧАМ – ШУКУҲУ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

414

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номуси мо ҳазорсолаҳо дар сари мардуми Тоҷикистон парафшон бошад ва мо зери партавфишонии мавҷҳои он ба қуллаҳои мурод ва орзуву ормонҳои давлатдории худ бирасем.

Дар иртибот ба ин андеша, зиёда аз 4500 сол пеш аз ин дар рӯзгори аҷдодони гузаштаи ориёии мо рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки баъдан тамоми рафти давлатдорӣ, таърих, фарҳанги оламшумул ва зиндагиномаи халқи моро мазмуну мундариҷаи нав бахшид.

Чуноне сарчашмаҳо далолат медиҳанд, дар ин айём мардуми бо нангу номус ва шӯҷои ориёӣ, ки аз зулму бедодгарии Заҳҳоки Морон ба шӯр омада буданд, бар зидди Заҳҳок ва қувваҳои аҳриманӣ бархостанд.

Коваи Оҳангар, ки сарварии ин қиёми мардумиро ба дӯш дошт, пешдомани чармии худро ба сари найза баст ва дар зери ин парчам ба назди яке аз подшоҳони машҳури Пешдодиён Фаридун омад, ки баъд аз Ҷамшед 600 сол подшоҳӣ кардааст.

Фаридун парчами Коваро бо ранги сурх, зард, бунафш ва зевар оро дода, номашро «Дирафши Ковиён» унвон кард.

Фирдавсӣ ин ҳолатро дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, чунин овардааст:

Чу он пӯст бар найза бардид Кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биорост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар ба ӯ пайкару зар-ш бум.

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «Ковиёни Дирафш».

Номи «Ковиёни Дирафш» аз номи Кова нест, он бо номи кайҳо (шоҳон) алоқаманд аст, яъне аввалин шоҳони ориёӣ Кай ном доштанд ва вожаи Ковиён низ аз он реша гирифта шудааст. .(Масалан Подшоҳони Кайёниён (дар Ориёни Шарқӣ дар асрҳои XVII-XVпеш аз милод :Кайқубод, Кайковус, Кайхусрав ва ғ.)

Ба андешаи муаррих Юсуфшо Ёкубшоев Дирафши Кови- ён дурусташ Дирафши Каёниён мебошад.

Абурайҳон Берунӣ дар асараш «Осор-ул-боқия» менависад, ки Дирафши Ковиёнро аз пӯсти хирс, шер сохта, онро бо ҷавоҳирот оро дода буданд.

Аз китобҳои Авесто (Бундаҳишн, Вандидод ва Яштҳо) бармеояд, ки Дирафши Ковиёнро фарр дар шакли мурғи Фарғин (ҳумо, боша) бо болҳои кушод оро медодааст.

Бо гуфтаи муаррихи юнонӣ Квинт Куртсӣ дирафши Дорои III-ро Фарғин (ҳумо, боша) бо болҳои кушод оро медод ва ин анъана то рӯзгори Сосониён (солҳои 224-651) давом кард.

Ардашери Бобакони Сосонӣ давлати Сосониёнро соли 224 ташкил намудааст, ки охирин шоҳаш Яздигурди III буд, ки онро арабҳо соли 651 шикаст дода, Парчамро нест карданд.

Ҳамин тариқ, парчамсозии мардумони ориёӣ аз давраи давлатдории Пешдодиён ва Кайёниён арзи ҳастӣ карда, он аз оғози давлатдории ҷомеаи башарӣ башорат медиҳад.

Аввалин тасвири парчамҳои мардуми Ориёӣ (порсҳо, суғдиён ва бохтариён) дар деворнигораҳои шаҳри Помпеи Рум, ки асрҳои II-I пеш аз мелод кашида шудаанд, дарёфт гардиданд, ки дар онҳо ҷанги Дорои III (сулолаи Ҳахоманишиён) бо лашкари Искандар тасвир ёфтааст, ки ин соли 333 то мелод мебошад.

Дар асрҳои III- II пеш аз мелод аллакай қабилаҳои ориёи- нажод соҳиби рамзи худ «Меҳроб» ё « Фарри Ориёӣ» буданд, ки ин рамзи хуршед, покизагӣ ва нишонаи абадият буда, ишораест ба чаҳор унсур: хок, об, оташ ва ҳаво, ки онҳо асоси мавҷудияти олами ҳастӣ эътироф шудаанд.

Дар китоби Видевдат, яке аз қисматҳои китоби Авасто оварда шудааст, ки «Чаҳорумин сарзамини кишвари неке, ки ман-Аҳурамаздо офаридам, Баҳди (Балхи имрӯза) зебои афроштадирафш буд.»

Ин шаҳодати он аст, ки халки тоҷик аз қадим соҳиби рамз ва нишонаҳои давлатдории миллии худ, аз ҷумла Парчами давлатии худ буд.

Парчами давлатӣ ҳамеша дар назди тахти шоҳ ҷилвагар буд, аммо дар вақти муҳориба ва ҷанг дар баландие дар дасти паҳлавони тавоное меистод, ки онро ҳам ҳифз мекард ва ҳам парафшон менамуд.

Дар замони Кайёниён Дирафши Ковиёнро лашкаркаши номдор Тус ҳифз менамуд:

Бишуд Тус бо Ковиёни Дирафш,

Ба пой андарун карда зарринкафш.

Сипаҳсолору солори зарринкафш,

Ту боши бари Ковиёни Дирафш

Чуноне ишора рафт, Парчам дар вақти муҳориба ва ҷанг дар баландие парафшон мегардид. Бо ин сипоҳро ба далериву шуҷоат, боварӣ ва побарҷоӣ, шикастнопазир будани давлат, лашкар ва зафар ҳидоят мекард. Парчам қуввати дили размандагон буд.

Баъди соҳибистиқлолии кишварамон эътибор ба арзишҳои миллӣ бештар гардид. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.

Бешак, Парчами давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки рӯзи 30 августи соли 2011 дар суханронии худ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ таъкид намуданд, ки «Бояд ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва ис- тиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд».

Каримова Зулфия – ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ