ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ ГЕОЛОГҲО

274

Дар ҷаҳони муосир қудрату тавоноии ҳар давлат, некӯаҳволии миллат ва мавқеи давлатро дар ҷомеаи байналмилалӣ омилҳои гуногун муайян менамоянд, ки яке аз онҳо – боигариҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани ин боигариҳо метавонад ба баландбардории некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, қудрату тавоноии давлатро таъмин намояд. Ин нукта имрӯз (09.12.2022) зимни ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбӣ – Рӯзи геологҳо, ки ҳамасола 9 декабр ҷашн гирифта мешавад, баён гардид.

Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. дар ифтитоҳи ҳамоиш оид ба ин рӯзи таърихӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи геология таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои рушди соҳа ва зиёд кардани маблағгузорӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои иктишофӣ – геологӣ тадбирҳои зиёд андешиданд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафи чоруми миллиро саноаткунонии босуръати кишвар эълон доштанд ва дар самти амали гаштани иқдоми навбатӣ саҳми мутахассисони соҳаи геологияи ватанӣ муҳим мебошад. Зеро, мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар кишвар зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданӣ кашф гардидааст, ки омӯзиш ва истихроҷи онҳо барои иқтисодиёти кишвари мо муҳим мебошанд.

Сипас декани факултети геология, дотсент Р. Андамов суханронӣ намуда, зикр кард, ки таҷлили Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа шаҳодат медиҳад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин соҳаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян намуда, баҳри пешрафти он тамоми тадбирҳои зарурӣ меандешад. Устодони факултет ҳамарӯза тамоми қувва, дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои омода кардани геологҳои муваффақ кӯшиш менамоянд.

Дар ҷамъомад ҳамзамон, олимону муҳаққиқон, устодону соҳибтахассусони соҳаи геология баромад намуда, оид ба пешрафти илми геология, бахусус саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи асосии таъмини рушди устувор дар кишвар аст, суханронӣ намуданд.

Дар охир аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба чанде аз омӯзгорони собиқадори факултет барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф ва тарбияи дурусти кадрҳои соҳибтахассус ва пешбурди соҳаи геология бахшида ба Рӯзи геологҳо бо “Ифтихорнома”-и донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, ба чанде аз донишҷӯёни фаъоли факултет ҷиҳати иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ бо “Сипоснома” ва мукофотпулӣ қадр карда шуданд.