НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОНИШКАДА

476

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста курсҳои такмили ихтисосро роҳандозӣ менамояд.

Бо ин мақсад имрӯз (12.12.2022)  бо ташаббус ва дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон ва бо ибтикори бевоситаи ректори ДМТ, профессор Қ.Х. Хушвахтзода намояндагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) аз ДМТ ва ДТИОМТОК назди ДМТ дидан намуданд. Дар мулоқот муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М., директори ДТИОМТОК назди ДМТ, профессор Мирзамонзода Х.М., муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ., мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва таббиӣ-риёзии ДТИОМТОК назди ДМТ, дотсент Латифзода С.З., намояндагони ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва инчунин, меҳмонон Д.Хушқадамов – менеджер оид ба робита бо ҳукумат ва ҷомеа, Мария Гузикова – директори Маркази таълимӣ, омӯзиш ва технология ва Виктория Тсой – директори раёсати таълими Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) иштирок доштанд. 

Зимни суханронӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. меҳмононро хуш омадед намуда, дар робита ба рушди ҳамкориҳои илмию таълимии Донишгоҳ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар низоми маориф сифати таҳсилот мавқеи калидӣ дорад.

Сипас, директори Донишкада, профессор Мирзамонзода Х.М. оид ба  ҷой ва фаъолияти Донишкада дар низоми таҳсилоти олӣ, сохтори он, имкониятҳои ҳамкории Донишкада ва масоили мубрами ташкилва баргузории курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иттилоъ дода, ҷиҳати таҳким бахшидани робитаҳои байналмилалӣ ва рушди масъалаҳои муҳимми забономӯзӣ  пешниҳодҳои судманд намуд.

Мария Гузикова зимни суханронии хеш дар бораи омода будан ба ҳамкориҳо бо ДТИОМТОК назди ДМТ, сифати таҳсилот ва омодаи нашр намудани воситаҳои таълимӣ-методӣ изҳори ақида намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани семинару мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳои илмӣ матраҳ гардиданд.