БОЗНИГАРӢ ДАР САМТИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ…

287

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ барои ҳар як нафаре, ки дар ҷаҳони муосир аз навгониҳои умумиҷаҳонӣ бархурдор будан мехоҳад, шарти муҳим ва зарур мебошад. Тавре ба мо маълум аст, дастовардҳои илмию технологӣ бо забонҳои хориҷӣ муаррифӣ мешаванд. Бо ифодаи дигар ягона роҳи пайвастани ҷавонон ба илм ва дастовардҳои илмию технологӣ дар ҷаҳони муосир, ин ба дараҷаи аъло аз худ намудани забонҳои хориҷӣ мебошад.

Ин масъаларо имрӯз (25.01.2023) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрӣ бо ҳайати устодону кормандони кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Зимнан таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин самт аз ҷониби Вазорату муассисаҳои дахлдор барои ба роҳ мондани омӯзиши забони хориҷӣ дар миёни ҷавонони кишвар дар ҳамаи зинаҳои таҳсилотӣ, инчунин, дар корхонаҳою ташкилотҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. То ин ки муҳассисли ҳамаи соҳаҳо барои ба дараҷаи баланди тахассусӣ расидан ва пайвастан ба ҷаҳони муосир забонҳои хориҷиро аз худ намоянд. Гуфта шуд, ки имсол низ Пешвои муаззами миллат зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ доир ба муҳиммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкид намуда, зикр доштанд, ки агар хоҳед дар бозори пуррақобати меҳнат аз дигарон бартарият дошта бошед, аввал бояд ҳадди ақал ду забони хориҷиро аз худ намоед.

Дар заминаи ин таъкидҳо Ректори донишгоҳ иқдоми Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро дар самти ҳифзи 400 калимаи забони англисӣ судманд шуморида, ба устодони кафедраи мазкур дар самти нашри луғату китобҳои дарсӣ, дифои рисолаҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои донишманд ва беҳтар гардонидани сатҳи забондонии ҷавонон-донишҷӯён, инчунин, нашри мақолаҳои илмию омавӣ, баргузории ҳамоишҳои сатҳи гуногун ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дастурҳои мушаххас доданд. Таъкид шуд, ки дар донишгоҳ барои устодон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва раёсати донишгоҳ омодааст, ки дар ҳама самт омӯзгоронро дастгирӣ намояд. Бознигарӣ ва ё ҷустуҷӯйи роҳҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ талаботи замон мебошад.

Ёдрас мешавем, ки вохӯрии мазкур дар доираи нақшаи баргузории силсисавохӯриҳои роҳбарияти донишгоҳ бо сохторҳои мухталифи он доир гардид.