Табрикоти ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати 32-умин солгарди истиқлоли давлатӣ
Имрӯз агар таърихи Истиқлоли давлатии мо зиёда аз се даҳсоларо фаро гирад, пас умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Ниёкони тоҷикон аз ибтидои таърих мардуми соҳибватан ва бунёдгари давлат буда, намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихро барои башарият эҳдо намудаанд. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Вақте сухан аз Истиқлоли давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон мебошад, балки санаи эҳёи Истиқлоли давлати тоҷикон аст, яъне миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид».
Ваҳдати ниёкони тоҷикон боис гардида буд, ки дар баробари ташкили нахустдавлатҳо, ҳамчунин доираи нуфузи сиёсӣ ва тамаддуни хешро дар шарқу ғарб густариш бахшанд.
Мутаассифона бо сабабҳои мухталиф баъди таназзули давлати Сомониён миллати тоҷик муддати ҳазор сол аз истиқлоли давлатӣ бенасиб гардид, ки ин барои миллат бисёр гарон афтод. Ормони истиқлол фарзандони муборизу ватандӯст ва хирадманди миллатро ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлоли Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо қуввату тавоноӣ бахшидааст. Таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, дар асл саргузашти муборизаҳои бисёр сахту сангин ва ҷонбозиҳои пур аз фоҷиа барои истиқлолу озодӣ, бунёду ҳифзи давлатдории миллӣ ва бо муросою мадоро, ҳусни тафоҳум, зиракию бедорӣ раҳидан аз чанголи сиёсати рақибони золиму истисморӣ мебошад.
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Бояд ёдовар шуд, ки тоҷикон борҳо бо душманон ва истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд, ки тавонотарин қудрати замони худ буданд, вале онҳо бо ҷасорату матонат, фидокории бемислу монанд, зиракию фаросати фитрӣ, тадриҷан ба даст овардани идораи мулк ва оини давлатдорӣ миёни абарқудратони мағлубнопазирро шикастаанд.
Ҳамин тавр, бахти миллати куҳани тоҷик омад кард ва 9-уми сентябри соли 1991 ормони ҳазорсола амалӣ гардид. Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки дар муддати 32 сол миллати тамаддунофари тоҷик таҷрибаи зиёда аз садсолаи баъзе халқиятҳоро сипарӣ намояд. Дар ин муддат бузургтарин дастовард барои мо тоҷикон ба даст овардани сулҳи сартосарӣ ва ташаккули модели нави давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Истиқлол шароит фароҳам овард, ки миллати тоҷик таҳти Роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории мутамаддин, ки асоси онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ташкил медиҳад, муваффақ шавад. Маҳз пеш гирифтани чунин шакли мутамддини давлатдорӣ ба мо имкон дод, ки чи дар сиёсати дохилӣ ва чи дар сиёсати хориҷӣ ба комёбиҳои беназир муяссар гардем. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, ба оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардида, имиҷи байналмилалии кишварро боз ҳам афзуд.
Шароит фароҳам омад, ки баҳри расидан ба зиндагии шоиста ҳадафҳои муҳимму стратегӣ роҳандозӣ шаванд. Ин ҳадафҳоест, ки аксаран аллакай амалӣ шудаанд.
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ рушди бомароми соҳаи маориф ва илм дар кишвар маҳсуб меёбад. Имрӯз соҳаи маориф дар маркази диққати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат дар ин муддат соҳаи маорифи кишвар ба навгониҳои хеле зиёд ноил гардид.
Махсусан, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бузургтарин муассисаи олии таълимӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, дар ин муддат як марҳилаи бисёр муҳимро сипарӣ намуд. Дар донишгоҳ ихтисосу факултаҳои ҷадид ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ таъсис дода шуд. Сатҳу сифати таълим баланд гардида, шумораи донишҷӯён ҳам зиёд гардид. Ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри зиёии ҷомеа, алалхусус омӯзгорон боис гардид, ки шумораи номзадон ва докторони илм дар мамлакат чандин маротиба афзояд. Ҳамчунин, дар доираи сиёсати маорифпарварони Пешвои миллат дар ин муддат даҳҳо маротиба музди маоши кормандони соҳа баланд бардошта шуда, ба сатҳи некӯаҳволии омӯзгорон диққати махсус зоҳир гардид.
Имрӯз мо чи қадаре, ки аз дастовардҳои замони Истиқлол сухан гӯем ҳамон қадр кам аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки баҳри боз ҳам таҳким бахшидани ин падидаи нодири таърихӣ рисолати шаҳрвандӣ ва касбии хешро дар назди миллату давлат шарафмандона иҷро намоем. Маҳз истиқлол кафолати асосии бақои давлату миллат ба шумор меравад. Истиқлоли миллат дар заминаи хирад ва ваҳдати миллӣ устувор мегардад, аз ин рӯ якдилии миллат ва якпорчагии Ватан бояд шиори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад.
Ба миллати шарафманди тоҷик ваҳдату иттиҳоди сартосарӣ ва ба Ватани маҳбубамон Истиқлоли пойдору бардавом хоҳонам.
32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ мубораку фархунда бод!