ПАЁМИ МАОРИФМЕҲВАР

1613

Рушди ҳар миллату давлат аз тафаккур ва ҷаҳонбинии мардуми он вобастагӣ дорад. Маҳз тафаккури солим ва ҷаҳонбинии мукаммал кафили рушди босубот ва бомароми ҷомеа мебошад. Нишони тафаккури солим пеш аз ҳама маърифати ҳар як узви ҷомеа аст. Сатҳи рушди тафаккур аз донишу савод ва маърифат вобаста мебошад. Маърифат имкон медиҳад, ки ормонҳои миллӣ дар муҳити босубот амалӣ гардад. Маърифат инсонро аз ҷаҳолат, роҳгумӣ, хуруфот ва дигар падидаҳои номатлуб раҳо мебахшад. Ҳамон миллату давлате солиму бардавом боқӣ мемонад, ки ба соҳаи ташаккулдиҳандаи маърифати инсонӣ – маориф арҷгузор мебошад.

Таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки маориф ҳамчун самти афзалиятнок ва заминаи рушди миллату давлат шинохта шудааст. Аз пажӯҳиши мактаби зиёда аз 30 солаи давлатдории Пешвои миллат бармеояд, ки маориф ҳамчун кафили асосии рушди босуботи мамлакат эътироф шуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ ва таъсирбахш амалӣ гардонида шудааст.

Паёми навбатии Сарвари давлат ба мақоми Олии Қонунгузори кишвар чун паёмҳои қаблӣ инъикосгари рушди босуботи тамоми самтҳои афзалиятнок буда, дастовардҳои миллату давлат дар як сол мушаххасан баррасӣ гардид. Тафовути Паёми навбатии Сарвари давлат дар он ифода меёбад, ки дар меҳвари он соҳаи маориф қарор дорад. Дар Паёми худ Сарвари давлат маорифро чун омили рушди сармояи инсонӣ номида, рушди ин соҳаро кафили солимии миллат арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «… рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Аз ҷониби Пешвои миллат масъалаи дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид.

Пешвои миллат дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Таҳлилҳои оморӣ дар Паёми Сарвари давлат нишон доданд, ки агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.

Ин равандро ба инобат гирифта, Сарвари давлат зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имконоти низоми маорифро ба миён гузоштанд.

Яке аз нишондиҳандаи оморӣ, ки дар Паём ироа гардид ин аст, ки агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Маҳз дар соли 2023 дар кишвар 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Як нуқтаи бисёр муҳимме, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа гардид ин эътирофи кишвари мо ҳамчун давлати маорифмеҳвар аст, ки мувофиқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Албатта, ин аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат маншаъ мегирад, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба ҳайси сарвари давлат интихоб гардидан ин соҳаи афзалиятнокро дар мақоми аввали сиёсати хеш гузошта буд.

Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро ба инобат гирифта, Пешвои миллат таъкид намуданд, низоми маориф бояд муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа бошад. Дар воқеъ, раванди ҷаҳонишавӣ ва суръати баланди рушди илму технология моро водор месозад, ки имиҷи миллату давлатро дар заминаи тафаккур ва хиради ҷомеаи шаҳрвандӣ баланд бардошта, низоми маорифи миллиро ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ созем.

Вобаста ба сатҳу сифати омода намудани кадрҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф ба шумор меравад.

Роҳбари давлат вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро муаззаф намуданд, ки ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҳои саривақтиро дар амал татбиқ намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кунанд.

Таъкид гардид, ки рушди иқтидори илмии муассисаҳои таълимӣ, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.

Дар воқеъ, имрӯз рушди ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки омӯзгорон дар навбати аввал барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар кардан ғайриимкон аст. Таҳкими иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини омӯзгорон мебошад.

Имрӯзҳо дастовардҳои мо дар самти мориф хуб аст, вале набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам созем. Мо омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Барои ин, зарур аст нишондиҳандаҳои таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ карда, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшида шавад ва дар ин замина сатҳи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ беҳтар гардад.

Дар ин хусус Сарвари давлат чунин таъкид намуданд: “Зарур аст, ки дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад”.

Хотирнишон карда шуд, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.

Дар робита ба ин Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш супориш доданд, ки дар баробари дигар қишрҳои пешбарандаи ҷомеа музди маоши кормандони соҳаи маориф 40% баланд бардошта шавад. Дар ҷавоби ин ғамхории Пешвои миллат имрӯз моро зарур аст, ки рисолати касбии хешро аз ҳарвақта дида боз ҳам бештар иҷро намоем. Зарур аст, ки худ намунаи ибрат барои насли ҷавон бошему дар ҳама самти фаъолият ба рисолати касбии хеш арҷгузор бошем. Ҷонфидоии омӯзгор барои миллату давлат дар он ифода меёбад, ки рисолати худро дар мадди аввал дарк намуда, аз ҳама лиҳоз маърифатпарвар бошад. Он ҳама нуқтаҳои дар Паём ишорашуда роҳнамоест, баҳри фаъолияти самараноки тамоми қишрҳои ҷомеа.

Қосимзода Солеҳ Салим – д.и.ф., сардори раёсати таълими ДМТ