КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «МАСОИЛИ КОНСТИТУТСИОНИИ ТАНЗИМНАМОӢ ВА АМАЛИСОЗИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

21

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 4-уми ноябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Масоили конститутсионии танзимнамоӣ ва амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намояд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

  • Конститутисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи ҳуқуқии кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • нақши Конститутсия дар баланд бардоштани ҳуқуқҳои инсон;
  • таҳкими низоми мақомоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • аҳаммият ва нақши Конститутсия дар ҳифзи арзишҳои миллӣ;
  • конститутсия ҳамчун кафили рушди босуботи давлат.

Талабот нисбати мақолаҳои барои чоп пешниҳод шаванда

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

Мақола ба кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Ба мақола бояд маълумот дар бораи муаллиф(он) бо ишораи ному насаб, ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, рақами телефон ва суроғаи электронӣ замима шаванд.

Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word дар андозаи 14. doc бояд мутобиқат кунад.

Файл бояд дорои ному насаби муаллиф (-он) бошад, мисол: Раҷабов Н. doc, Раҷабов-Собиров. Doc

Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёда аз 20 саҳифа (барои докторон ва номзадҳои илм) ва на зиёда аз 12 саҳифа (барои докторантон, унвонҷӯён ва магистрон) бошад.

Ҳаҷми фишурда (тезис) бояд на кам аз 5 саҳифа бошад.

Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд якхела ва баробар ба 1,25 см. бошад.

Рақамгузории иқтибосҳо ба адабиёт бо рақамҳои арабӣ дар қисми болоии матн оварда мешаванд, масалан: Ҳамчуноне ки аз ҷониби А.Имомов ишора гардидааст, «чунин самара ҳангоме зоҳир мегардад, ки…»1.

Рӯйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда мешавад. Поварақ (ҳам дар зери ҳар саҳифа ва ҳам дар охири ҳар мақола) иҷозат дода мешавад.

Барои мазмуни фишурда (тезис) ва мақола, инчунин саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, ҳиссаи матн (плагиат) муаллифонашон масъул мебошанд.

Забони кори конференсия – тоҷикӣ ва русӣ.

Баромад ва мақолаҳоро метавонед бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоед.

Барои иштирок дар кори конференсия то 15-уми октябри соли 2025 дархост ва шакли электронии фишурда (тезис) ва мақола қабул карда мешаванд.

Дархосте, ки баъд аз 15-уми октябри соли 2025 ирсол карда мешавад, баррасӣ намегардад.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи амалисозии таҳрири техникиро дошта, метавонад мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маводҳое, ки барои ислоҳ ва пуррагардонӣ ба муаллифон баргардонида шудаанд, бояд то санаи 15-октябри соли 2025 ба Кумитаи тадорукот ирсол карда шаванд.

Хароҷоти роҳ, истиқомат ва хӯрду хӯрок аз ҳисоби худи иштироккунанда ё ҷониби равонкунанда таъмин мегардад. Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.

Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, маҳалаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Телефон: +992 904 23 88 88; +992 901 04 40 55. Почтаи электронӣ: sulaymonzoda.m@gmail.com