Хотираи қаҳрамонони ҷанг боқӣ хоҳанд монд

11

         Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дастоварди бузурги халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, таҷлили ин ҷашни бузург ифодаи муҳаббати бепоёни наслҳои имрӯз ба гузаштаи  пурифтихор ва пос нигоҳ доштани хотираи иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯз аст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боргоҳи илму маърифат ва муҳити намунавии тарбияти насли ҷавон буда, инҷо ёд овардани қаҳрамониҳои гузашта вазифаи ифтихории ватандӯстӣ ва омили аввалияи тарбияти меҳанпарастӣ ҳисобида мешавад. Бо ташаббуси кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология  чорабинии муштараки факултаҳои фарматсевтӣ ва тиббӣ ба муносибати 80 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маҷлисгоҳи факултаи тиббӣ баргузор гардид, ки онҷо ветеранҳои ҷангу меҳнат, фаъолони илму маориф ва донишҷӯёни факултаҳои фарматсевтӣ ва тиббӣ иштирок намуданд. Маҳфил дар доираи чорабиниҳои шӯрои собиқадорони башардӯст (ищтирокчиёни ҳодисаҳои Афғонистон ва Чернобил), фаъолони меҳнати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро дотсент Зарипова Муҳаббат ба ӯҳда дорад, ба роҳ монда шуд. Маҳфилро декани факултаи тиббӣ Изаттуллоев Алиқул Сайфуллоевич ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти пирӯзӣ дар Чанги Бузурги Ватанӣ барои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хосатан барои мардуми Тоҷикистони азиз чанд фикрҳои ҷолиб баён карданд. Дар назди донишҷӯён Ф.М. Наҷмиддинов – муовини  раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шомансури шаҳри Душанбе баромад намуда, хизмати таърихии чавонони тоҷикро дар муборизаи беамон ба муқобили нерӯи миллатгарои  фашизм, қайд намуданд. Раиси ташкилоти собиқадорони авиатсияи граждании Тоҷикистон Р.Д. Ҷалолов доир ба корнамоиҳои наҷиби занони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳарф зада, хосатан авиаторони тоҷик-летчикҳо Ойгул Маҳмадҷонова ва Инъомҷон Қурбоноваро ном гирифтанд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ даҳҳо самолетҳои нерӯи фашистиро нобуд сохтаанд. Ойгул Маҳмадҷонва 93 парвози ҷангӣ карда, дар яке аз муҳорибаҳои ҳавоӣ қаҳрамонона ҳалок мешавад. Гуфта шуд, ки солҳои ҶБВ беш аз 32 ҳазор занони Тоҷикистон ба ҷанг рафта, ба сифати пулемётчӣ, снайпер, радист, телефонист, ҳамшираи шафқат ва тирандозон фаъолият намуданд. Дар назди донишҷӯён яке аз собиқадорони меҳнат, раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Дӯстии Халқҳо Маҳмадшо Саодатов баромад карда, доир ба хидматҳои фаромӯшнопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу амният ҳарф заданд. Ин марди солхӯрда, ки дар арафаи 90-солагӣ қарор доранд, ҷавононро даъват намуд, ки ба қадри рӯзҳои нек, оромию осоиштагӣ бирасанд ва аз сиёсати мардумпарваронаи Сарвари кишварамон шукргузорӣ намоянд. Раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Бедили ноҳияи Шомансур Абдураҳим Игамов аз қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар ҷанг ва ақибгоҳ нақл карда, таъкид намуданд, ки маҳз ба шарофати қаҳрамониҳои наслҳои гузашта ҷавонони имрӯз хушу хурсандона зиндагӣ дошта, ба таҳсил ва фаъолияти корӣ машғуланд. Устоди Донишгоҳи миллӣ дотсент Ф.А. Аминов собиқадори башардӯст-иштирокчии ҳодисаҳои Афғонистон ба ҷавонон муроҷиат карда, даъват ба амал оварданд, ки насли имрӯз бояд бо таҳсили аъло ва ахлоқи ҳамида машғул шуда, дар роҳи эъмори ҷомеаи соҳибистиқлоли тоҷик саҳмгузорӣ кунанд. Ҷавонони донишҷӯ мебояд афкори баланди ватандӯстӣ дошта, аз музаффариятҳои Истиқлоли миллию давлатиамон ҳимоят намоянд. Ба ҳама гуна таблиғҳои душманони миллат бовар накарда, баръакс ба ҷавонони муҳити зиндагиашон ҳадафҳои стратегии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмонда, намунаи олии покизагӣ, донишмандӣ ва шарофатмандиро нишон диҳанд. Устод Аминов Ф.А. ба донишҷӯён се нафар иштирокчии ҳодисаҳои Афығонистон ва садамаи Чернобилро муаррифӣ карда, доир ба корнамоиҳои онҳо мухтасар нақл карданд. Ҷавонони донишҷӯ бо таваҷҷуҳи хосса аз собиқадорони ордену медалдор доир ба ҳодисаҳои замони гузашта пурсон карданд. Дар охир декани факултаи тиббӣ Изатуллоев Алиқул ба меҳмонони ташрифоварда изҳори миннатдорӣ намуда, шеъри ҷолибе ба хотири шаҳидони ҷанг қироат намуданд. Қироати ин шеъри баландмазмун аз ҷониби Алиқул Изатуллоев бо маҳорати волои бадеӣ иҷро гардид, ки ба иштирокчиёни маҳфил таассуроти хубе бахшид. Қобили зикр аст, ки гузаронидани чорабиниҳои моҳияти ватандӯстӣ дошта барои тарбияи ахлоқию меҳанпарастии ҷавонон аҳамияти бузургеро соҳиб аст.

Файз Алӣ, Хуршед Шарифов