РУДОБАИ МУКАРРАМ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҶАВҲАРИ ЯГОНАИ МАФКУРАИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН АСТ

56

Дар арафаи ҷашни 28-солагии Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсозе таърихи навини тоҷиконро бо хати заррин нақш мезанад, мо бо яке аз чеҳраҳои фаъол ва барҷастаи ин раванд – муовини аввали Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам суҳбат анҷом додем.

– Дуруд, муаллимаи азиз! Дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати сиёсиву иҷтимоӣ нақши Ваҳдати миллӣ дар пойдории давлатдории миллӣ чӣ гуна арзёбӣ мешавад?

– Бо арзи салом ва адаб аввалан мехостем, ки таҳнияти воло ва шодбошии идонаи худро ба ифтихори 28-умин солгарди бузургдошт аз мақому манзалати ҷашни тақдирсоз, яъне Ваҳдати миллӣ нисори кулли мардуми шарафманд, иззатманд ва сарбаланди Тоҷикистон кунам.

Вақте сухан аз Ваҳдати миллӣ меравад бо як ифтихори зиёд ва сарфарози гуфта метавонам, ки дар таҳкими Ваҳдати миллӣ чун арзиши миллӣ, умумибашарӣ ва умумифардӣ имрӯз нақши Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хеле бунёдӣ, бориз ва калидӣ аст. Имрӯз бо як боварӣ ва бо як сарбаландӣ гуфта метавонам, ки Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тавонист, ки дар тули 28-соли таъсиси хеш ба пешрафт дар такомул ва муаррифии Тоҷикистони азиз дар ҷаҳон ва дар ибтикороти наҷибу шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро ба таври шоиста ва возеҳ анҷом диҳад. Имрӯз Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ваҳдати миллиро чун як арзиш, чун як ҷавҳари ягонаи мафкураи миллӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунад, зеро бо назардошти чолишҳо, бо назардошти таҳаввулоти раванди ҷаҳонишавӣ марҳилаи тағйиру такомул фақат ваҳдати миллӣ метавонад, чун ҷавҳари ягонаи мафкураи миллии тоҷикон ва халқи тоҷик нақши калидии худро иҷро кунад. Зеро танҳо Ваҳдати миллӣ аст, ки дар меҳвари ғояҳои ваҳдатгароёна ва ваҳдатофарии хеш тамоми ниҳодҳои ҷамъиятиву ҳукуматиро гирд меоварад. Фақат Ваҳдати миллӣ қудрат дорад, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро новобаста аз нажод, новобаста аз аққалият новобаста аз эътиқоди ихлосии мазҳабӣ, новобаста аз гуногунии мафкураҳо дар меҳвари худ гирди ҳам орад ва ҳамин Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст, ки имрӯз ин рисолатро бар дӯш дорад.

– Муаллимаи азиз, Шумо дар яке аз суханрониҳоятон тариқи шабакаҳои интернетӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун асоси Ваҳдати миллӣ арзёбӣ мекунед. Ба андешаи Шумо, ин санади олии ҳуқуқӣ чӣ гуна ба таҳкими ваҳдат мусоидат намудааст?

– Албатта намои Ваҳдати миллӣ Конститутсия аст. Маҳз ҳамин шарофати Ваҳдати миллӣ буд, ки Конститутсия ҳамчун санади муҳим ва таърихофар эътироф шуд ва тамоми банде, ки дар матнаш вуҷуд дорад, танҳо тавассути Ваҳдати миллӣ метавонад ба амалия дарояд ва василаи татбиқи онҳо дар ҷомеа гардад. Конститутсия ин рамзи аввали Ваҳдати миллӣ аст, ин шаҳкитоби бахт аст. Шаҳкитоби бахте, ки дар заминаи ваҳдат эҷод шудааст. Як шаҳкитоби бахте, ки тамоми ҳар як банди у як модули назариявӣ ва амалияи ваҳдати миллӣ аст, ки дар меҳвари қонунсолорӣ, дар меҳвари истиқлолхоҳии мардуми Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Вақте ки мо Конститутсия, Ваҳдати миллӣ мегӯем, ин ду омил чун занҷир ба ҳамдигар пайваст ҳастанд ва дар ин росто Истиқлоли мо ҳам нақши меҳварӣ дорад. Мо метавонем, ки се ҷавҳар ва се унсури давлатдории худро арзёбӣ кунем: Ваҳдати миллӣ, Конститутсия ва Истиқлол.

-Дар доираи фаъолиятҳои Кумита ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар мекунед. Назари мардум дар бораи Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу субот чӣ гуна аст?

– Мо тибқи се нақша амал мекунем. Нақшаи аввали мо нақшаи асоси аст, ки бо имзои Раиси ҳаракати ваҳдати миллии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо мешавад. Нақшаи дуввум нақшаи кории мо аст, ки бо вазорату кумитаҳо ҳамкорӣ мекунем ва нақшаи сеюм ин нақшаи маънавият аст, яъне дар байни ҷомеа бурдани корҳои идеологӣ мебошад. Вақте мо бо мардум суҳбат мекунем, онҳо руҳияи бисёр баланд доранд, ҳар куҷое меравем мардум шукргузор аз он ҳастанд, ки дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин хушҳолу сарбаланд ҳастанд. Мо бештар кӯшиш мекунем, ки бо зуҳуротҳои номатлубе, ки имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ зоҳир мешаванд ва барои дастовардҳои Истиқлол хатар эҷод мекунанд, мубориза барем. Ин зуҳуротҳо аз қабили терроризм, экстремизм, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, хушунат, кибертерроризм ва иттилооти бардурӯғест, ки хоинони миллат бар зидди арзишҳои миллии мо паҳн мекунанд. Онҳо мехоҳанд руҳияи мардумро барои зиндагии шоиста ва ояндаи хуб шикаста, ҷавононро аз баланд бардоштани худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ маҳрум созанд. Рисолати аввалини мо ин аст, ки маънавиятро дар ҷомеа пойдор нигоҳ дорем. Вақте маърифати волои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии мардум баланд гардад, он миллат миллате мешавад, ки обод, хушбахт ва пешрафта.

-Шумо дар баробари фаъолияти расмӣ, дар майдони адаб ва шеър низ фаъол ҳастед. Ба назари Шумо, шеър ва адабиёт чӣ нақш дар ташвиқи арзишҳои Ваҳдати миллӣ доранд?

-Дар ростои шеър ва шоирӣ кӯшиш менамоям, ки ба муваффақиятҳо ноил бишавам, зеро ин як саҳнаи бузург аст, пур аз ифтихорот. Мо бояд меҳнати шабонарӯзӣ ва талошҳои бисёр пайдарпаю бедареғро дар зиндагӣ шиор кунем. Хушбахту сарфарозӣ ва ифтихори ман аз он аст, ки дар арафаи 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ китоби навам бо номи “Табассуми ишқ” чоп шуда, ба ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода сазовор дониста шуд. Ҷойе ки қаҳрамони миллат аст, ҷое ки шоири тавонои халқ Мирзо Турсунзода аст ва ноил шудан ба ин ҷоиза барои ман боиси ифтихор аст. Дар оянда низ кӯшиш менамоям, ки ҳарчи хубтару беҳтар дар эҷоди шеър, дар майдони адаб кӯшиш намоям.

Дар мавриди шеър. Шеър аввалин омиле аст, ки инсонҳоро тарбият мекунад, аввалин қонуни осмонӣ шеър аст ва аввалин қонуни заминӣ, ки мояи саодат аст, ин ҳам шеър аст. Танҳо шеър метавонад, ки инсонҳоро ба руҳияи баланд ба ифтихорот, ба эъҷози муҳаббати ватану ватандорӣ тарбият кунад ва албатта василаи тарбият ин аз давраи пешин шеър буд ва то имрӯз ин рисолати худро шарафмандона иҷро кардааст. Мавзуи шеърҳои ман бештар ватандӯстӣ, ваҳдат, тараннуми истиқлол, тараннуми табиати биҳиштосои Тоҷикистон аст ва ин рукнҳо метавонанд, ки барои муҳаббати поянда дар дили насли имрӯзу фардо эҷод кунанд.

-Агар як байт метавонист як шаҳрро муттаҳид созад, он дар васфи чӣ мебуд?

-Дар ҳамин рӯзҳое, ки мо дар як марҳилаи ҳасоси зиндагӣ қарор дорем, дар як марҳилае, ки гурӯҳҳои мухталиф бисёр таҳаввулот, ҳаводис, паёмадҳои нохушоянд эҷод намуда истодаанд. Агар мо ба минтақа ва ҷаҳон назар андозем чи қадар ҷанг, чи қадар ҷанҷол, чи қадар хун асту хокистар асту бераҳмиву марг. Дар ин рӯзҳо мо фақат бо як эътимод гуфта метавонем, ки ягона қудрате, ки моро ҳамеша наҷот мебахшад, ин иттиҳоду ваҳдат аст. Ягона сухан ва ягона шеъре, ки инсонҳоро ба вақт меорад ва онҳоро дар меҳвари дӯстӣ ва иттиҳод гирди ҳам меорад, ҳамон сухан аст. Зеро дар ҳеҷ давру замон – имрӯз ва фардо – ягон қудратмандтарин силоҳ наметавонад ба қудрати силоҳи сухани асил баробар шавад. Қудрати сухан хеле бузург, таъсиргузор ва нишонрас аст, ки ин ҳама албатта Ватан ва модар аст.

– Ба андешаи Шумо, кадом мушкилоти иҷтимоӣ метавонад ба Ваҳдати миллӣ таҳдид кунанд ва чӣ гуна метавон ин хатарҳоро пешгирӣ кард?

-Дар ҷомеае, ки имрӯз мо зиндагӣ мекунем, дар баробари пешрафтҳо ҳастанд омилҳое, ки монеаҳо баҳри пешрафт эҷод кунанд. Имрӯз терроризм, экстремизм, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, хушунат ва хуруфот як амали ношоиста, як амали хеле зишт, ки фақат ноумедӣ меофарад, ана ҳамин омилҳо метавонанд, ки чун як мушкилоти иҷтимоӣ ба ваҳдату истиқлоли мо халал эҷод кунанд. Дар давлате, ки дар он терроризм, ифротгароӣ, хурофот, бесаводӣ, ҷаҳолат, таассуб нишондодӣ бузург дорад, равнақу ривоҷ дар он дида намешавад ва ваҳдати худро аз даст медиҳад. Вақте Ваҳдат аз даст меравад, арзишҳои миллӣ, ҳувияти миллӣ аз даст меравад ва миллат завол меёбад.

– Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияи муосир тамоми паҳлуҳои зиндагии инсонро фаро гирифтанд. Чӣ гуна метавон арзишҳои миллиро таблиғ кард ва паёми Ваҳдатро ба мардум расонд?

-Тамоми нақшаҳое, ки Ҳакаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар оғози сол дар пешорӯйи фаъолияти худ қарор медиҳад ба ҳамин масъалаҳо равона шудааст. Таҳти ҳамин масъалаҳо рисолати ҳар як намояндаи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст, ки як рӯз дар Сангвор ҳастанд, як рӯз дар Мурғоб, як рӯз дар Масчоҳи куҳӣ, рӯзи дигар дар Хатлон. Дар Тоҷикистон ҷойе нест, ки мо наравем, дар ҳама ҷой дари мардумро мекӯбем ва паёми башорати Ваҳдат ба гӯши онҳо мерасонем. Вақте ки мо ба дурдасттарин ҷой меравем, як муйсафеди 85 сола чи қадар табассум мекунад, хурсанд мешавад, ки як зан ва модари тоҷик аз шаҳр ба хотири ободию оромии халқ омадааст. Ва ин Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ниҳоди халқӣ аст ва он як арзиш аст. Арзиши умумифардӣ, умумимиллӣ ва умумиинсонӣ аст ва арзиш дар халқ эҳё мешавад, зеро ки халқ нерӯ аст. Вазифаи мо ба халқ хизмат кардан аст, агар халқ набошад, мо ҳам нестем. Пайвандии мо бо халқ аст, ки Ваҳдати миллӣ побарҷост ва ин Ваҳдати миллӣ побарҷост, ки давлату миллат побарҷост.

– Ба ҷавонони кишвар чӣ тавсия ё паёме доред, то ҳамеша ваҳдатро ҳифз намоянд?

-Ҷавонон имрӯз неруи асосии ҷомеа ҳастанд. Як масъалае ҳаст, ки вақте байни давлатҳо низоъ сар мезанад ва дар зиндагӣ як падидаи номатлуб ба вуҷуд меояд, мо ҳангоми назар афкандан ба таърих ва рӯйдодҳои ҳам тақдиршикан ва ҳам тақдирсоз ба хулоса мерасем, ки дар низоъҳо, пеш аз ҳама, ҷавонон ва кӯдакон қурбон мешаванд, дар ҳоле ки ба пиронсолон таваҷҷуҳи камтар зоҳир мегардад. Кӯдаконро мекушанд, ки ҷавон нашаванд ва ҷавононро мекушанд, ки соҳибдорӣ ватан нашаванд. Бубинед, ки ҷавонон чи қадар нақши меҳварӣ доранд дар бунёди ин ободиву созандагӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ. Имрӯз чун роҳбари Кумитаи иҷроия ва муовини аввали Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба ҷавонон муроҷиат карда мегӯям, ки таърихи имрӯзаи давлатдории моро онҳо такон мебахшанд, чунки қувваи бузург доранд. Агар ҷавонон як иттиҳод кунанд, метавонанд, ки мақому манзалат созанд. Ба ҳамин хотир ҷавоне, ки донишманд ҳаст, қудратманду бомаърифат ва ҳамеша муваффақ аст. Ҷавоне, ки бедониш, бемаърифат аст, гумроҳ аст, зеро ки хушбахтӣ ва саодат фақат дар илму хирад доштан аст…

Дар хотир дошт, ки имрӯз Ваҳдати миллии мо пояи асоси давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Он чун як омиле метавонад, барои пешрафт ва барои бақои аслу суботу иттиҳоди ин ҷомеа нақши худро иҷро кунад. Имрӯз танҳо Ваҳдати миллӣ қудрат дорад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, дар ин ҳаводис ва чолишҳое, ки бар зидди фарҳанги мо, бар зидди арзишҳои муқаддаси миллии мо равона гардидаанд, сипар бошад. Зеро миллате, ки дар он Ваҳдати миллӣ пойдор аст, миллате мебошад, ки ба қаҳрамонони ваҳдатофари худ эътимод дорад: миллате, ки дар он иттиҳод, ҳамбастагӣ ва ҳаммаромӣ дар меҳвари инсонсолорӣ қудрату неру пайдо кардааст.

Имрӯз Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар пойдории миллат ва бақои ҳамаи аркони давлату давлатдорӣ нақши муассир ва аҳамиятнокро иҷро мекунад.

Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод мегӯям!

Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Саломат бошед!

Мусоҳиб Шаҳзода Дилшодзода,

корманди МИТ ДМТ