ЁДИ ШОИРИ МИЛЛАТ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

10

Ҳамасола дар шерозаи зодрӯзи шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати факултети филология чорабиниҳои тарбиявию маънавӣ гузаронида мешавад. Имрӯз субҳгоҳон устодону шогирдони факултетҳои филологияи тоҷик ба зиёрати оромгоҳи шоир ба Лучоби зебоманзар рафта, бо гулгузориву шеърхонӣ ва ёдкарди фазилатҳои неки шоир руҳи ӯро шод карданд. Дар зимн декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ, устодони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети мазкур Маҳмадизода Қ., Рустами Ваҳҳоб ва Ҳафиз Раҳмон суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба чеҳраҳои барҷастаи адабу фарҳанги миллӣ густариш ёфтааст. Таъкид шуд, ки осори гаронбаҳои Мирзо Турсунзода дар ташаккули тафаккури насли ҷавон нақши муҳим дорад.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ баргузории маҳфили «Турсунзодахонӣ» ба як анъанаи пойдор табдил ёфта, имсол 47-умин маҳфил баргузор мегардад.

Қайд шуд, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун мунодии сулҳу дӯстӣ, адиби равшанзамир, роҳнамои роҳи озодиву истиқлол ва парчамбардори илму фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф гардидааст. Дар ин замина, Пешвои миллат дар асари худ «Чеҳраҳои мондагор» чунин таъкид менамоянд: «Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мост. Ӯ, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст».