ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

11

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди омилҳои коррупсионӣ, инчунин ҷиҳати татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва иҷрои талаботи қонунҳои амалкунанда, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мунтазам чорабиниҳои маърифатӣ ва вохӯриҳои судманд баргузор мегарданд.

Дар ин замина имрӯз (06.05.2026) вохӯрии кормандони Донишгоҳ бо сардори бахши муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, майори адлия Соҳибназарзода Манучеҳр ва нозири калони ҳамин раёсат, капитани адлия Мирзозода Муҳаммад доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. доир шуд.

Зимни вохӯрӣ меҳмонон оид ба масъалаҳои муҳимми пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, бахусус миёни устодону кормандон, зарурати риояи талаботи қонунгузории амалкунанда ва ошкору пешгирӣ намудани амалҳои дорои хусусияти коррупсионидошта суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ филмномаҳои тарбиявӣ ва такмилдиҳандаи донишҳои ҳуқуқӣ намоиш дода шуд, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ мусоидат менамуданд.