Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги табиӣ, потенсиали назарраси демографӣ ва имкониятҳои транзитӣ дар маркази Авруосиё мебошад. Илова бар бартариҳои минтақавӣ, фаъолони беруна бештар майл доранд, ки захираҳои минтақа ва бозорҳои иловагиро барои пешбурди манфиатҳои иқтисодии худ истифода баранд. Дар ибтидои асри 21 минтақаи Осиёи Марказӣ ба яке аз муҳимтарин марказҳои геополитикии ҷаҳони муосир табдил ёфт.
Минтақаи Осиёи Марказӣ як “маркази” беназири геополитикӣ мебошад, ки чаҳор қудрати ҳастаӣ – Русия, Чин, Ҳиндустон ва Покистонро ба ҳам мепайвандад. Масъалаи амнияти минтақавӣ хусусияти умумиҷаҳонӣ ва аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҳадафи стратегӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз бунёди робитаҳои нав дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ мебошад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст. Ба шумули чунин қудратҳо Русия, Чин, ИМА, Ҷопон, Эрон, Туркия, Покистон, инчунин Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Аврупо дохил мешаванд.
Ҳадафи аслии ин давлатҳо аз нигоҳи геополитикӣ назорат бар фазои марказии Авруосиё ва аз ҷиҳати геоиқтисодӣ назорат бар захираҳо ва иртиботи нақлиётии минтақа мебошад.
Дар баробари ин, кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз пеш ваҳдати бештар нишон дода, машваратҳои мунтазам ва таҳкими робитаҳои дохилиминтақавӣ аз афзоиши ҳамбастагии минтақавӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар шароити шиддати рақобатҳои геополитикӣ ва таҳаввулоти бунёдӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир таваҷҷуҳи зиёди Ғарб ва Русия хатарзо буда, зарурати андешидани чораҳои санҷидаро дар самтгирии минбаъдаи сиёсати хориҷӣ ва бетарафӣ аз қутбгароӣ тақозо менамояд. Дар баробари роҳандозиии шарикии стратегӣ бо Москва ва Пекин зарурати такя ба ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, таҳқими алоқаҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА, тавсеаи ҳамкорӣ бо қудратҳои минтақавӣ – Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ муҳим мебошад. Яке аз қолабҳои расидан ба ҳадафҳои мазкур қолаби ҳамкориҳои С5+1 мебошад. Чунин шакли ҳамкорӣ доираи муайяни қдратҳои ҷаҳониро дар атрофи Осиёи Марказӣ мутамарказ сохтааст.
Яке аз иштирокчиёни ин шакли ҳамкорӣ Федератсияи Русия ба шумор меравад. 9 – уми октябр дар пойтахти давлати мо Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» баргузор мегардад, ки идомаи муколамаи Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ равона шудааст. Саммити нахустини муштараки формати «Осиёи Марказӣ — Русия» моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда, асоси вохӯриҳои мунтазам дар сатҳи олӣ гардид.
Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» дар шароити тағйирёбии тартиботи ҷаҳонӣ ба ҳайси як марҳалаи муҳим дар ташаккули низоми нави ҳамкориҳои минтақавӣ ташаккул ёфтааст. Айни замон, ки рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ шиддат ёфта, манфиатҳои геополитикӣ дар фазои Осиёи Марказӣ ба таври бесобиқа мутамарказ гардидаанд, зарурати муколамаи мустақими кишварҳои минтақа бо Федератсияи Русия аҳамияти хоса пайдо кардааст. Ин саммит муҳити воқеии таъйини самтҳои стратегӣ, таҳкими эътимод ва амалисозии ҳамгироии амалӣ ба шумор меравад. Муносибатҳои байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз марҳилаи ҳамкориҳои анъанавии дуҷониба гузашта, ба сатҳи платформаи бисёрҷониба расидаанд, ки он ба манфиатҳои дастаҷамъона, суботи минтақаӣ ва истиқрори тавозуни геополитикӣ равона шудааст.
Русия дар чаҳорчӯбаи формати С5+1 ба минтақа аҳамияти афзалиятнок дода, барои фаъолсозӣ ва тақвияти робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ саъй менамояд. Вохӯриҳои минбаъда дар ин формат бо қабули Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия оид ба самтҳои стратегии ҳамкорӣ маълуманд. Ин ҳуҷҷатро метавон ҳамчун барномаи сиёсӣ арзёбӣ намуд, ки дар он Русия дидгоҳи аз нав бознигаришудаи худро нисбат ба минтақа баён кардааст.
Тавсеаи ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамсоягони онҳо метавонад ба коҳиши сохтори анъанавии низоми минтақавӣ оварда расонида дар айни замон ба ташаккули сохтори нисбатан мавзун дар минтақа мусоидат кунад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар ҳолати набудани ихтилофҳои ҷиддии дохилӣ, на танҳо механизмҳои ҳамкории дохилиминтақавиро таҳким мебахшанд, балки дар асоси ин ҳамгироӣ муносибатҳои худро бо кишварҳои хориҷӣ низ ташаккул медиҳанд.
Ҳамкории Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон) дар шароити таъмини фазои амнияти минтақавӣ, рушди иқтисодӣ ва рақобати геополитикӣ аҳамияти вижа касб намудааст. Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» ба ҳайси минбари муҳими баррасии масъалаҳои маҳсули бисёрсамта хизмат мекунад: аз энергетика ва нақлиёт то мубориза бар зидди терроризм ва ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ.
Дар 10–12 соли охир низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳти таъсири тағйироти куллӣ қарор гирифтааст, ки пеш аз ҳама ба дигаргуниҳо дар ташаккули қудратҳои ҷаҳонӣ вобаста мебошад. Дар аввали солҳои 2010-ум Русия ва Чин ба иқтидор ва нуфузе даст ёфтанд, ки имкон дод, то нисбати қоидаҳои бозии ҷаҳонӣ, ки пас аз пошхӯрии низоми дуқутбӣ дар аввали солҳои 1990 ташаккул ёфта буданд, даъво ва талаботи нав пешниҳод намоянд.
Минтақаи Осиёи Марказӣ аз нуқтаи назари логистикаи байналмилалӣ дорои мавқеи муҳимми ҷуғрофист, зеро дар чорроҳаи роҳҳои шимоливу ҷанубӣ ва ғарбию шарқии иқтисоди ҷаҳонӣ ҷойгир мебошад.
Сафари расмии роҳбари Русия на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ рӯйдоди калидӣ ба ҳисоб меравад.
Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар сатҳи пурраи ҳамдигарфаҳмӣ қарор доранд; уҳдадориҳои онҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз он лоиҳаҳо, ки аз ҷониби кишварҳои дигар пешниҳод мешаванд, осеб намебинанд.
Аҳамияти муносибатҳои Осиёи Марказӣ бо Русия дар таъсири фарогир ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амният ҷилвагар мегардад. Русия ҳамчун шарики калидии минтақа боқӣ монда, устуворӣ, ҳамгироӣ ва рушди кишварҳои Осиёи Марказиро таъмин мекунад.
Пас аз 24 феврали соли 2022, бозори Осиёи Марказӣ барои Русия аҳамияти махсус пайдо намуд. Барои Москва, дар баробари иқтисод, нақши сиёсиву дипломатии минтақа низ дар шароити таҳримҳо ва инзивои байналмилалӣ ниҳоят муҳим мегардад.
Аз даст додани назорат дар ҷараёни ҳамлу нақли минтақа метавонад ба аз даст рафтани абзорҳои фишор нисбат ба рақибони геополитикӣ баробар бошад. Дар ин робита, Русия фаъолона мекӯшад лоиҳаҳои нақлиётии худро, аз ҷумла «Шимол – Ҷануб» ва тарҳҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро пеш барад.
Саммити дарпешистода ҳамчун василаи таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон ин нишаст имкони танзими стратегияҳои минтақавии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити даъватҳои умумиҷаҳонӣ мебошад. Тавре, Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия С. Лавров қайд намуд: «Сарони шаш давлат — Осиёи Марказӣ ва Русия — ният доранд тамоми маҷмӯи масоили ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Албатта, дар рӯзномаи онҳо мавзӯъҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, илмӣ-технологӣ ва дигар самтҳо ҷой хоҳанд дошт».
Ин муносибатҳо барои ҳар ду ҷониб судманданд: барои Русия — таҳкими нуфуз ва амният дар самти ҷануб, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ — дастгирии рушди иқтисодӣ, амният ва ҳамгироии байналмилалӣ.
Осиёи Марказӣ ва Русия як шарикии беназирро ташаккул медиҳанд, ки дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ намунаи ҳамкории самарабахши иқтисодӣ ва геополитикӣ мебошад. Русия, ҳамчун иттифоқчии асосии минтақа, тавассути сармоягузорӣ, робитаҳои тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ фаъолона аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мекунад ва ба таҳкими субот ва рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд. Ин модели ҳамгироӣ, ки бар асоси асли воқеъбинона ва эҳтироми истиқлолияти миллӣ бунёд ёфтааст, ба минтақа имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар саҳнаи ҷаҳонӣ тақвият бахшида, ихтилофҳои сиёсиро коҳиш ва ҳамкориҳои иқтисодиро густариш диҳад.
Умедворем, ки мулоқоти дарпешистода ба ташаккули минбаре барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таҳкими рӯҳияи эътимод ва ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.
Ҷаъфарзода С.Х., н.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ
Шарипов Амриддин, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи муносибтаҳи байналхалқии ДМТ
