10 000 СОМОНӢ БАРОИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

396

Дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар пояи кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд ва дар ин замина ҷиҳати шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023 ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир гардид. Дар ифтитоҳи ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултетҳои равияи табиию риёзии донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли сеюм аст, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсади озмуни мазкур рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.

Таъкид шуд, ки айни ҳол дар Донишгоҳи миллӣ 33 озмоишгоҳи илмӣ, 103 озмоишгоҳи таълимӣ, Маркази биотехнологӣ, Парки технологӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ барои дар сатҳи баланд иҷро намудани корҳои лабораторӣ ва илмию таҳқиқотӣ мавҷуд мебошанд. Қобили қайд аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба омӯзиш ва рушди фанҳои мазкур таваҷҷуҳи вижа намуда, мутахассисони соҳаро пайваста дастгирӣ ва қадрдонӣ менамоянд.

Зимни ҳамоиш дар пайравӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат ректори донишгоҳ чунин пешниҳод намуд: устодоне, ки шогирдонашон дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойи аввал мегарданд, аз ҳисоби донишгоҳ 10 000 сомонӣ мукофот дода мешаванд. Ҳамзамон, донишҷӯёне, ки ғолиби ҷойи аввал мегарданд, агар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил кунанд, пурра аз шартнома озод, инчунин, ғолибон бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар идомаи ҳамоиш устодони факултетҳои марбутаи донишгоҳ дар робита ба низомномаи озмуни мазкур суханронӣ намуда, ҷиҳати беҳтар гузаштани давраҳои донишгоҳии он таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.

Дар заминаи ҳамоиши мазкур дастовардҳои илмию таҳқиқотии зумрае аз устодони факултети химия муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.