11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ВА МАҚОМИ АВВАЛ – ДАСТОВАРДИ НАВИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

12

Имрӯз (12.05.2026) роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявии “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад”, ки бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҷойи аввалро ишғол намуда буданд, бо самимият истиқбол намуданд.

Дар нишасти истиқболӣ ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С., муовинони ректор, садорати факултетҳо ва ҳайати омӯзгорону донишҷуёни Донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ ректори Донишгоҳ ғолибони олимпиадаро барои дастоварди назарраси илмӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Олимпиадаи мазкур ҳамчун падидаи муҳимми илмӣ на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян менамояд, балки барои ташаккули муҳити солими рақобат, рушди шахсӣ ва густариши ҷаҳонбинии илмии онҳо низ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳ ба сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории озмуну олимпиадаҳои сатҳи баланд аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Зикр шуд, ки чунин тадбирҳо ба баланд гардидани сатҳи дониш, рушди тафаккури эҷодӣ ва ташаккули қобилиятҳои илмию зеҳнии ҷавонон мусоидат намуда, ташаббусу навовариҳои донишҷӯёни болаёқат пайваста мавриди дастгирӣ ва қадршиносӣ қарор мегиранд.

Ҳамзамон, роҳбарияти Донишгоҳ таъкид намуд, ки роҳандозии ҳавасмандгардонии саривақтии донишҷӯёни фаъол ва устодони роҳнамо яке аз омилҳои муҳимми тарбияи кадрҳои болаёқат ва таҳкими ҳисси масъулияти илмӣ дар миёни ҷавонон мебошад.

Дар навбати худ, ғолибони олимпиада миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тадрис, ташкилу баргузории озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ба омӯзгорону роҳбарияти Донишгоҳ барои дастгириҳои ҳамешагӣ баён намуданд.

Қобили зикр аст, ки 8 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Олимпиада бо иштироки 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи 15 фанни таълимӣ дар ду бахш – илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ доир шуд.

Боиси ифтихор аст, ки дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар натиҷаи ба даст овардани 11 ҷойи ифтихорӣ (6 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм) миёни 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Ин муваффақият бозгӯйи сатҳи баланди омодагии илмию методӣ, масъулияти устодону донишҷӯён ва нуфузи илмии Донишгоҳ дар фазои таҳсилоти олии кишвар мебошад.