13 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

601

Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём”-и шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳавасманд  гардонида шуданд.

         Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии  «Илм – фурӯғи маърифат» миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, қоллеҷҳо, инчунин, миёни муҳаққиқони риштаҳои гуногуни илм (устодону кормандон ва аспирантону докторантон) озмуни шаҳрии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардида буд. Дар озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физикаю астраномия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории озмуни мазкур аз ҷониби сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ довталабони зиёд иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дастаи Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи наминатсияҳои номбаршуда иштирок намуда, бо гирифтани 13 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи аввал, 6 ҷойи дуюм ва 6 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал гардид.

Имрӯз дар ҷараёни супоридани диплом ва мукофотпулиҳо гуфта шуд, ки ғолибон ба даври ҷумҳурияӣ роҳхат гирифтанд.