ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД

697

Тавре иттилоъ дода будем, миёни устодону кормандони сохторҳои марбутаи донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» футболи хурд ташкил карда шуд. Санаи 25.12.2020 дар Қасри варзишии Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври финалии мусобиқа баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, Абдулмуминзода Насимҷон оғоз гардида, мавсуф қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни кормандони сохторҳои донишгоҳ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи мазкур аз санаи 9 декабри соли 2020 оғоз шуда, 25 декабри соли 2020 бо рақобат намудани 22 даста ҷамъбаст гардид.

Дар даври ниҳоӣ дастаи раёсати донишгоҳ бо дастаи Маркази тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ бозӣ намуда, дастаи раёсати донишгоҳ бо натиҷаи 7 бар 3 ғолиб ва соҳиби «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», ҳамзамон, мукофотпулӣ гардид.

Ҳамин тавр ҷойи якум ба дастаи раёсати донишгоҳ, ҷойи дуюм ба дастаи маркази тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ ва ҷойи сеюм ба дастаи факултети иқтисод ва идора дода шуд.

Дар охир муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, Абдулмуминзода Н. ғолибон ва итирокчиёни мусобиқаро бо ифтихорномаи донишгоҳ сарфароз намуданд.