15 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

194

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва мусоидат ба ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад, ки донишҷӯёну кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сабқатҳои озмун дастболоанд. Имсол низ (2023) бо дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар ва таҳти сарпарастии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни мазкур баргузор гардида истодааст.

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дастаи озмунии донишгоҳ иштирок ва ғолибиятро аз руйи шаш номинатсияи озмунӣ ба даст оварданд. Бо ишғоли 15 ҷойи ифтихорӣ аз рӯйи ҳамаи номинатсия миёни донишҷуёну кормандони касбу кори гуногун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид.