360 000 СОМОНӢ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

180

Дар самти дастгирии устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. пайваста тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ менамоянд. Иқдомҳо дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иқтисодию иҷтимоии устодону кормандон ва донишҷӯён рӯйи даст гирифта мешаванд. Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм –фурӯғи маърифат”ва роҳбарони онҳо бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд, ки ин иқдом дар умум 360 000 сомониро ташкил менамояд.

Ин мукофоти пулӣ дирӯз дар қисмати аввали ҷаласаи васеи Шурои олимон ба ғолибон супорида шуд.