5-УМИН КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ДОНИШ”

405

Имрӯз дар толори калони ДМТ 5-умин конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” баргузор гардид.

Дар Дар кори конференсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад иштирок доштанд.

Нахуст ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, ректори донишгоҳ, Хушвахтзода Қ.Х. дар самти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” шунида шуд. Зимнан таъкид шуд, ки кумита дар давраи ҳисоботӣ ба як зумра дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Кумита дар ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои калонтарин ва фаъол буда, ташкилотҳои ибтидоии кумита дар заминаи факултетҳо ва зерсохторҳои мавҷудаи донишгоҳ таъсис ёфтаанд, ки фаъолияти пурсамар доранд.

Сипас, бо пешниҳоди аъзоён раис, муовини раис ва котиби Кумита аз нав интихоб гардиданд. Пас аз он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонони хушманд ва амсоли ин ибрози андеша намуд.

Дар интиҳо ба меҳмонон Сипосномаи ДМТ ва ба як гурӯҳ кормандону устодони донишгоҳ Ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дар ноҳияи Шоҳмансур супорида шуд.