ҲАДАФ БЕҲТАР НАМУДАНИ БАЗАҲОИ ИЛМИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

100

Рисолати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар баробари таълиму тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, инчунин, омода намудани кадрҳои илмӣ – педагогӣ мебошад.

Вобаста ба ин рисолат ва масъулияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати донишгоҳи рақами яки ҷумҳурӣ дар самти омода намудани кадрҳо бештар аз ҳар муассисаи дигар аст.

Воқеан, Донишгоҳи миллӣ бо доштани тавоноии назарраси илмӣ тавонистааст ин рисолатро бомуваффақият адо намояд. Зеро танҳо донишҳои замонавӣ ва таҷрибаи пешрафта метавонад муаррифгар ва пояндасози дастовардҳои самтҳои мухталифи кишвар гардад.

Ҳаминаст, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар ба омода намудани кадрҳои илмӣ- педагогӣ зиёд гашта, пайваста тадбирҳои муҳим андешидамешаванд.

Ин нукта имрӯз (14.01.2023) зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати раисон ва котибони Шуроҳои диссертатсионии Донишгоҳи миллӣ ироа гардид.

Мақсад аз ин вохӯрӣ, пеш аз ҳама, беҳтар кардани фаъолияти Шуроҳои диссертатсионӣ ва баланд бардоштани базаи илмии муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ буд.

Зимни суханронӣ Ректори донишгоҳ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар сиёсати дохилии Пешвои муаззами миллат маориф ва илм яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида мешавад ва ин масъала дар ҳама вохӯриву суханрониҳои Сарвари давлат, аз ҷумла зимни ироаи Паёми навбатӣ мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт. Зикр карда шуд, ки соли 2022 ҳайати устодону кормандони ДМТ роҷеъ ба 64 самт, 114 масъала ва 147 мавзӯи кафедравӣ ва фармоишӣ татқиқот анҷом доданд. Дар давоми соли 2022 аз 1342 нафар устоду корманди илмии донишгоҳ дар иҷрои пажӯҳишҳои илмӣ 1281 нафар (95,45%) иштирок карданд, ки аз ин 192 докторони илм, 629 номзади илм ва 10 нафар докторантони Ph.D ташкил медиҳанд. Таҳлилҳо нишон дод, ки фоизи унвондорон дар ДМТ аз 50 % соли 2019 ба 63% дар соли 2022 расидааст. Дар соли ҳисоботи аз тарафи устодони донишгоҳ 177 монография, 66 китоби дарсӣ, 207 воситаи таълимӣ, 2947 мақолаҳои илмӣ, (аз ин шумора 64 тоаш дар Scopus ва Wed of Science) ва дар умум бошад 4347 мавод ба таб расонида шудааст.

Ректори донишгоҳ дар идома роҷеъ ба фаъолияти Шуроҳои диссертатсионии амалкунандаи донишгоҳ ва нуқсонҳои дар ин самт ҷойдошта изҳори андеша намуд. Зикр гардид, ки ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти Шуроҳои диссертатсионӣ, беҳтар намудани рисолаҳои илмӣ, мақолаҳоҳи илмии сифатан нав, баланд бардоштани дараҷаи илмии донишгоҳ ва муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ, ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳимоякунанда ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат чораҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои назаррасро басомон бояд расонид. Гуфта мешавад, ки ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ дар самти фанҳои дақиқ талаботи замон аст.

«Дар ин самт дастаҷамъона бояд чораҳо андешид ва роҳҳои ҳалли масъаларо дарёфт кард. Нишондиҳандаҳои оморӣ моро водор месозад, ки ба ояндаи корҳои илмӣ дар сатҳи донишгоҳ ва берун аз он ҷиддӣ муносибат намуда, барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат чораҳои зарурӣ андешем»-гуфта шуд дар ҷаласа.

Ҳамзамон, дар идома оид ба фаъолияти роҳбарони илмӣ, экспертҳои дохилӣ, муқарризони расмӣ ва муассисаҳои пешбар суханронӣ намуда, аз масъулин даъват карда шуд, ки назоратро аз болои фаъолияти шуроҳо пурзӯр намоянд ва ҷаласаҳои назоратии доимоамалкунандаро дар назди Шуроҳо дуруст ба роҳ монанд. Зимнан гуфта шуд, ки барои таҳқиқоти илмӣ, пеш аз ҳама, бояд мавзуъҳои мубрами рӯз, созгор ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ифодакунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ интихоб ва ҳимоя карда шаванд. Зимни ҷаласа устодон Одинаев Ҳ., Солиҳов Д. ва Маҳмадизода Н. низ фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

Ёдрас мешавем, ки аввалин ҷаласа дар соли ҷорӣ аз таваҷуҳи вижаи роҳбарияти донишгоҳ ба самти илм ва омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ шуруъ шуд ва бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик потенсиали илмии муассисаҳои илмию таълимӣ аз пештара беҳтару хубтар мегардад.