МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО

702

Имрӯз (29.01.2021) дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллӣ дастовардҳои чанде аз устодону кормандони донишгоҳ муаррифӣ гардиданд. Ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба декани факултети фалсафа Маҳмадизода Н.Д. “Шаҳодатномаи докторӣ”, ба сардори раёсати илм Наботӣ Р. дар соҳаи “Адабиёт” ва ба донишҷӯ Ашӯрзода Хусрав дар соҳаи “Барномасозӣ” дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро супориданд.

Ҳамзамон, ба ғолибони озмуни беҳтарин корҳои инноватсионӣ, ки миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардида буд, “Ифтихорнома” ва мукофотпулӣ тақдим намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро барои дастоварди илмию эҷодияшон табрик ва дар корҳои мибаъдаашон комёбиҳо таманно намуданд.