ҚАДРДОНИИ МАСЪУЛИН ВА ҶАВОНОН

405

Имрӯз (03.02.2023) дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории беҳтаринҳо дар соҳаи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе дар соли 2022, бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини якуми Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам ва дигар намояндагони бахши кор бо ҷавонон баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ масъулин ва ҷавонони бахшҳои мухталифи кор бо ҷавонон бо мукофотҳои Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, муовини ректор оид ба тарбияи ДМТ Раҳмонзода Ҷамила Мирзо барои ҳамкориҳои судманд бо соҳаи кор бо ҷавонон ва ду нафар донишҷуёни донишгоҳ барои иштирок ва ғолиби озмуни телевизионии “Мизони хирад” бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.