ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» ВА БУЗУРГДОШТИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

340

Имрӯз (04.12.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва ғалабаи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти унвони ““Тоҷикон” – шиносномаи миллат” ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш меҳмонон аз сохторҳои илмию фарҳангии ҷумҳурӣ, аз ҷумала намояндагони АМИТ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагон, ҳамзамон устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо порча аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи кишвар оғоз шуд.

Сипас ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, қаблан иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва ҳамчунин, ғалабаи донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва ба даст овардани Шоҳҷоиза муборакбод намуд.

Зимнан таъкид дошт, ки аз 6-уми феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи кишвар баромада буд. Ҳадафи асосии ин ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши амиқу дақиқи таърихи ниёкон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии қишрҳои мухталифи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва адабиёти дохиливу хориҷӣ таълиф гардидааст, таърихи бою пурғанофати моро дар чор марҳила: қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав инъикос менамояд, аҳаммияти муҳим дорад. Ин шоҳасар тамоми бурду бохти миллати тоҷикро дар раванди таърих ба таври мушаххас ва бо истифода аз манбаъҳои муътамад нишон медиҳад. Бобоҷон Ғафуров аз чеҳраҳои дурахшони таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор рафта, корномаи рангини ӯ бахше аз ифтихороти ҳаммилатони мо ба шумор меравад. Фаъолияти чашмгири ӯ дар чанд ҷабҳа ҳама ғурурофарину таҳсинбарангез аст. Агар ба рӯзгори ин фарзанди барӯманди миллат назар афканем, дар тамоми мароҳили он сабақу ибратҳои фаровонеро мебинем, ки барои тарбияи наслҳои ҷомеаи мо муфиду судманд хоҳад буд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба асари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйи мизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».

“Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳамин хотир умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид ва хушбахтона, ба мурод расид. Вай бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт. Бояд таъкид намуд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар эҷоди ин асар, ба таъбири устод Айнӣ, яке аз «…шартҳои муҳимми таърихнависӣ – муҳокимаронии бетарафона»-ро риоя кардааст”- иброз дошт ректори донишгоҳ.

Зимнан гуфта шуд, ки ин асар аввал ба забони русӣ дар Москва чоп шуд ва ҳамчунин аз ҷониби олимони машҳури собиқ шуравӣ ва хориҷӣ баҳои арзанда гирифт. Асар танҳо ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон, саҳми беназири онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ маҳдуд намешавад. Ҳамчунин, дар он таърихи мардуми ҳамзабонамон ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст.

Қимати илмии «Тоҷикон», алҳақ, бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш натанҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои узбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурқимати илмиаш чун беҳтарин омӯзгор ба мо ва насли оянда сабақ меомӯзад.

Насли имрӯзи меҳан дар рафти омӯзиши ин шоҳасар аз сарнавишти ниёкони хеш бо тамоми ҷанбаҳояш ошно мегардад. Тоҷикон инъикосгари муборизаҳои оштинопазири ниёкони тоҷикон дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ба муқобили аҷнабиён аст. Ҳамчунин, дар китоб ҳаёт ва фаъолияти чеҳраҳои мондагори миллат сабт гардидааст, ки барои насли имрӯз, махсусан ҷавонон намунаи олии дарси ибрат мебошад.

“Бо мақсади истифодаи самараноки ин шоҳасар аз ҷониби ҷомеа аз 7-уми июли соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани Озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар ҳошияи китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров баромада буд. Дар доираи амри Президенти мамлакат ва низомнонаи Озмун донишҷӯён ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ дар даври факултавӣ, донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуданд. Дар маҷмуъ дар даври факултавӣ 243 нафар, даври донишгоҳӣ 114 нафар, даври ноҳиявӣ 12 нафар, даври шаҳрӣ 9 нафар ва даври ҷумҳуриявӣ, яъне ниҳоӣ 5 нафар иштирок намуданд. Ниҳоят дар даври ҷумҳуриявӣ дар гурӯҳи донишҷӯён се нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ: донишҷӯи курси 4-уми факултаи таърих Давлатзода Шоира ба Шоҳҷоиза, донишҷӯи курси дуюми факултаи ҳуқуқшиносӣ Абдураҳмонова Маҳина ба ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси сеюми факултаи таърих Холов Мавлуддин ба ифтихорӣ сазовор гардидаанд, ки ин боиси таҳсин аст.

Натиҷаи озмун бори дигар собит намуд, ки воқеан ин ташаббуси маърифатпарваронаи Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеа ба таври зарурӣ дастгирӣ гардид. Ҷавононро мебояд, ки ин китобро, ки сарчашмаи худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад, омӯхта, дар пайравӣ аз ниёкони шарафманди хеш баҳри рушди ин Ватан ва миллат талош намоянд. Тоҷикон саршор аз ғояҳои ватансолорӣ ва ватандустӣ аст, ки хонандаро дар руҳияи ягонагӣ ва талош баҳри рушди ҷомеа ҳидоят месозад. Мазмуну муҳтавои китоб пурра саршор аз талоши фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи озодӣ ва истиклол аст. Маҳз тавассути омӯзиши ин шоҳасар насли имрӯз аз воқеияти таърихи ниёкони хеш ба таври хеле барҷаста огаҳ мегардад”- афзуд Хушвахтзода Қ.Х..

Дар идомаи ҳамоиш устодони факултети таърих Қаҳҳори Р., Ҷонибеки А., Акрами З. Шарипов Ҷ. Оид ба чор марҳилаи таърихи “Тоҷикон”: қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба ғалибону роҳбарони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва Шоҳҷоизаи озмун мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 Ғолиби “Шоҳҷоиза”-и озмуни мазкур миёни донишҷӯён Давлатзода Шоираи Кароматулло –донишҷӯи курси 4-уми факултети таърихи ДМТ, 10 ҳазор сомонӣ, Ифтихорномаи ДМТ ва туҳфаҳои хотиравӣ;

– Ҷойи 2-юм – Абдураҳмонова Маҳина Алишеровна – донишҷӯйи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ, 5 ҳазор сомонӣ, Ифтихорномаи ДМТ ва туҳфаҳои хотиравӣ;

– Ҷойи Ифтихорӣ – Холов Мавлуддин Асадуллоевич – донишҷӯйи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси таърихи умумӣ ва ватании факултети таърих, 2 ҳазор сомонӣ, Ифтихорномаи ДМТ ва туҳфаҳои хотиравӣ;

-Иштирокчиёни фаъол дар даври ҷумҳуриявӣ – Солеҳи Раззоқ – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ ва Расулзода Аслам Зафар – ассистенти кафедраи равандҳои сиёсии факултети фалсафа, 1500 сомонӣ, Ифтихорномаи ДМТ ва туҳфаҳои хотиравӣ.

Ёдрас мешавем, ки ҳамоишро қироати шеърҳо аз ҷониби иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва барномаи рангини ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ ҷолибу хотирмон гардонид.