ҚАДРДОНИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

475

Санаи 05.01.2022 зимни ҳисоботи солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зумрае аз олимони ҷавон барои дастовардҳои назарраси илмиашон қадрдонӣ шуданд. Раҳмонзода Нуроншоҳи Довудшоҳ-муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ, номзади илмҳои филологӣ барои силсилаи корҳо дар мавзӯи “Хусусиятҳои лексикӣ ва лексикографии аввалин луғатҳои тафсирӣ дар Шимоли Ҳиндустон” бо Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соли 2021 сарфароз гардонида шуд.

Дастовард муборак!