ҚАДРДОНИИ РОҲБАРИЯТ ВА УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ АЗ ҶОНИБИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

269

Имрӯз дар заминаи баргузории машғулиятҳои тарбиявии “Сарварони сиёсӣ” роҳбарияти донишгоҳ ва зумрае аз устодону кормандони донишгоҳ бо медалу ифтихорномаҳои роҳбарияти Иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ қадрдонӣ шуданд.

Ибтидо раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ Неъматзода Маликшо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо медали “Барои шарики иҷтимоӣ”, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Собирзода Н.М., ёвари ректори донишгоҳ Бобохонзода Р., декани факултети химия Файзуллозода Э., декани факултети ҳуқуқшиносӣ Қурбонализода Н., декани факултети геология Амдамов Р., декани факултети фарматсевтӣ Раҷабзода Ф.К., мудири кафедраи усули таълими забон ва адабиёти тоҷик Каримов Н., мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ., роҳбари бадеии ансамбли халқии “Наврӯз” Қурбонов Ҷ., устоди факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ Набиев Б. бо Ифтихорнома ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Давлатов М. бо Раҳматномаи Иттифоқ сарфароз гардонида шуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки устодони мазкур барои фаъолияти пурсамар ва софдилона, саҳми муносибу арзанда дар тарғибу ташвиқ ва рушди ҳаракати иттифоқи касаба бо чунин медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.