ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДМТ

1055

Имрӯз (20.04.2021) дар толори бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун анъана «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрону донишҷӯён бахшида ба ҷашнҳои 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, 110 – солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, Сотим Улуғзода ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. доир ба дастовардҳои илмию эҷодии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ суханронӣ намуд.

Сипас, декани факултети иқтисод ва идора Ҳ.Исайнов, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Х.Самиев, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология Кӯчарзода А. профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети геология Ф.Каримов ва профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих Сайфуллои Муллоҷон дар мавзӯъҳои гуногун суханронӣ намуданд.

Дар зимн гуфта шуд, ки конференсияҳои илмӣ-назариявӣ дар факултет ва дигар сохторҳои донишгоҳ то 27-уми апрели соли ҷорӣ баргузор мегарданд.