ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

293

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони ҷаҳонишавӣ барои ҷавонону наврасон муҳима аст. Бо ин роҳ метавон фарҳангу адабиёт, таъриху санъат, расму оин ва анъанаҳои миллии худро дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.  Ҷавонон танҳо дар сурате ба таври комилу шоиста давлати худро муаррифӣ карда метавонанд, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанд. Бо ифодаи дигар ягона роҳи пайвастани ҷавонон ба илм ва дастовардҳои илмию технологӣ дар ҷаҳони муосир, ин ба дараҷаи аъло аз худ намудани забонҳои хориҷӣ мебошад.

Ин масъала имрӯз (10.05.2023) зимни баргузории конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии «Усулҳои навини таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии забони англисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ Раҳимов М. С. зимни суханронии хеш иброз намуд, ки ягона воситае, ки давлатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояду фарҳанг, забон, маданият ва расму русуми тоҷикро ҳифз мекунад, ин донистани забонҳои хориҷӣ мебошад.

Дар идома сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. А. оид ба муҳиммияти нишасти мазкур суханронӣ намуд. Дар конференсия устодон доир ба ҷанбаҳои гуногуни таълими забони англисӣ ва баланд бардоштани сифати таълим маърӯзаҳо намуданд.