Хатмкунандагони боҳунар ва хушзавқи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шабакаҳои телевизион ва радио бидуни озмун бо роҳхати факултет ба кор қабул карда мешавад. Ин нуктаро санаи 31-уми марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар вохӯрӣ бо хатмкунандагони факултети журналистикаи ДМТ иброз намуд.
Мақсад аз ин вохӯрӣ ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони факултети мазкур дар шабакаҳои телевизион ва радиоҳои давлатӣ мебошад.
Дар охир қайд карда шуд, ки ҷиҳати тарбия намудани журналистони касбӣ Кумита бо факултети журналистика ҳамкориро вусъат хоҳад дод.