ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ САРҲАДӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ ТАЪСИСИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

589

Раванди ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ вобаста ба марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ва усулҳои муайяни илми сарҳадшиносӣ (марзгузорӣ, аломатгузорӣ, бозаломатгузорӣ) махсусиятҳои хосса дорад. Аз ин рӯ, мушкилоти ҳалли сарҳадӣ аз як тараф, метавонад боиси зиддият, низоъ ва ҳатто ҷанг миёни давлатҳои ҳаммарз гардад ва аз тарафи дигар, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ дар асоси меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ боиси ба сатҳи нав баровардани робитаҳои байнидавлатӣ ва минтақавӣ мегарданд. Маҳз рӯи кор гирифтан аз таҷрибаи дуюм боиси шаклгирии ниҳоди бонуфузи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гардида, омили сарҳадӣ боиси таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай гардид.

Раванди ташаккули сарҳадҳои минтақа дар шакли имрӯза таърихи қадима доранд, вале раванди марзгузорӣ (делимитатсия) ва аломатгузории (демаркатсия) онҳо то замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ пурра амалӣ карда нашуданд. Мушкилиҳои сарҳадӣ ҳам миёни давлатҳои худи минтақа ва ҳам бо кишварҳои ғайриминтақавӣ (Хитой, Россия, Афғонистон, Эрон) дар марҳилаи пасошӯравӣ аз нав зуҳур намуд. Дар ин давра ҳалли мушкилиҳои сарҳадӣ миёни давлатҳои пасошӯравӣ бо Хитой заминаи воқеии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхайро гузошт.

Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой кушиши ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ва бартараф кардани баҳсҳои ҳудудӣ карда шуд, аммо дар ин раванд на танҳо натиҷаи мусбӣ ба даст оварда нашуд, балки миёни давлатҳо соли 1969 низои мусаллаҳона ба амал омад.

Вале кушишҳои бардавоми кишварҳо барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар солҳои 70 – ум натиҷаҳои интизорро ба ғайр аз нигоҳ доштани “статус-кво” (11.02.1970) ба вуҷуд наоварданд ва танҳо дар музокираҳои шӯравӣ-хитоии солҳои 1987 – 1991 раванди каме наздикшавии мавқеи давлатҳо мушоҳида гардид [Курбонова, З. М. Политические аспекты процесса урегулирования государственной границы между Таджикистаном и Китаем. [Текст]: автореф. дис. на соискание ученой степени к. п. н., спец. 23.00.04. / З.М. Курбонова. – Москва, 2009. – 24 с., с. 17].

Бинобар ин, баъди барқарор гардидани муносибатҳои мутақобила миёни ИҶШС ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба раванди музокираҳо оғози тозае бахшида шуд, ки моҳи ноябри соли 1989 дар шаҳри Москва оғоз ёфта буданд. Дар раванди музокираҳо ҷонибҳо ба ду масъалаи зерин бештар таваҷҷуҳ намуданд:

1. таҳкими чораҳои эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ;

2. камкунии мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар ноҳияҳои сарҳадӣ.

Аз ин хотир, метавон гуфт, ки дар раванди наздикшавии муносибатҳои шӯравӣ-хитоӣ нақши муҳимро ҳалли мушкилиҳои сарҳадӣ ишғол менамуд. Аммо бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ раванди музокираҳо дар ин самт мавқуф гузошта шуд ва мушкилиҳои ҳудудӣ-марзӣ дар фазои пасошӯравӣ ба давлатҳои тозаистиқлол ба мерос гузашт [Медеубаева, Ж.М. Процесс делимитации и демаркации государственной границы РК [Текст] / Ж.М. Медеубаева. [Манбаи электронь]. URL: https://e-history.kz/media/upload/1466/2014/06/26/4ab1192b49709b2684e2 6d3353921f41.pdf (санаи муроҷиат: 02.06.2021).]. Минбаъд раванди гуфтушунидҳо доир ба масъалаҳои зикршуда бояд миёни Хитой ва кишварҳои соҳибистиқлоли фазои пасошӯравӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон пеш бурда мешуданд.

Бинобар ин, дар замони истиқлолият, ба зарурати танзими масъалаи сарҳадӣ – хотираҳо оид ба задухӯрдҳои вазнини низомии солҳои 60–уми асри XX миёни ИҶШС ва Ҷумҳурии Халқии Хитой – ду мамлакати то ин дам дӯсту бародар ва аз як лагери сотсиалистӣ буданд, бо сабаби ҳалу фасл нашудани масъалаҳои баҳсноки сарҳадӣ, ишора мекунад [Зарифӣ, Ҳ. Тоҷикистон-Хитой: ташаккули сарҳади давлатӣ. Таърих ва замони муосир [Матн] / Ҳ. Зарифӣ, А. Сатторов – Душанбе: Ирфон, 2016. – 544 с., с.15].

Инчунин гурӯҳи дигари мушкилиҳои сарҳадӣ миёни давлатҳо ба назар мерасид:

– мавҷуд набудани санадҳои шартномавӣ-ҳуқуқии муайянкунандаи хати сарҳад;

– мавҷудияти “минтақаҳои баҳснок ва мувофиқаношуда” дар ҳудуди кишварҳои ҳамсоя;

– ҷойгир будани теъдоди зиёди қувваҳои мусаллаҳ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ.

Дар замони муосир мушкилиҳои мавҷуда вазъияти зиддиятнокро дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба вуҷуд оварда, дар натиҷа, ба муносибатҳои байнидавлатӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд ва вазъи низоъомезро дар минтақа ба вуҷуд меоранд. Аз ин рӯ, Хитой аввалин шуда масъаларо доир ба зарурати ҳалли мушкилиҳои ҳудудӣ-марзӣ дар шакли дуҷониба ба кишварҳои тозаистиқлоли пасошӯравӣ бо дарназардошти вазъи амниятӣ пеш гузошт [Парамонов, В. Внешняя политика Китая в ЦА [Текст] / В. Парамонов, А. Строков, О. Столповский // Центральная Азия и Кавказ. – Том 13, выпуск 4, 2010. , с.76]. Вале дар ибтидо, ҳеҷ як кишвари Осиёи Марказӣ, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори кофӣ барои пешбурди музокираҳо оид ба ҳалли мушкилиҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар алоҳидагӣ надоштанд.

Бинобар ин, созише ба даст оварда шуд, ки мувофиқи он Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Ҳайати муштарак барои пешбурди музокираҳо бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ҳам муттаҳид мегарданд [Ниятбеков, В. Решение пограничных вопросов как фактор образования «Шанхайской пятерки» [Текст] / В. Ниятбеков // МИД Республики Таджикистан. Внешняя политика. – 2014, № 2. – 160 с., с.74]. Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зарурати идома додани музокираҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой доир ба масъалаҳои сарҳадӣ, ба мувофиқа расиданд, ки Ҳайтаи намояндагии муштаракро таъсис диҳанд.

Маҳз ҳамин шакли корӣ дар Ҳайати намояндагии муштараки Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон бо намояндагони Хитой (4+1) қадами аввалин дар роҳи ташаккули ҳамкориҳои ниҳодӣ дар Осиёи Марказӣ гардид, ки барои ҳалли маҷмуи мушкилиҳои амниятӣ, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ машғул гардид.

8 сентябри соли 1992 дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи расмиро оид ба пешбурди муштараки музокираҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расониданд ва доир ба ин рӯйдод ба ҳукумати Хитой расман иттилоот доданд.

Формати “Ҳайати муштарак” ба Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки аз Вазорати корҳои хориҷии Россия ҳуҷҷатҳои заруриро, ки ба раванди машваратҳои шӯравӣ-хитоӣ мутобиқат менамуданд, ба даст оваранд. Дар асоси созишномаи махсус миёни ҷонибҳо роҳбари Ҳайати намояндагии муштараки давлатҳо тайин карда шуд ва ҳайати он – аз аъзоён, мушовирон ва коршиносон муайян карда шуд.

Ҳайати намояндагони шӯравиро аз соли 1989 ва аз соли 1992 Ҳайати намояндагони муштараки Ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистонро дар ҷараёни тамоми давраҳои музокираҳо Сафир оид ба корҳои махсус аз Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия – Киреев Г.В. роҳбарӣ намуд. Муовинони ӯ дар тамоми рафти музокираҳо бетағйир боқӣ монданд: аз Вазорати корҳои хориҷӣ – Рожков А.Н., аз Вазорати мудофиа – генерал Кривитский М.Е. ва аз кумитаи сарҳадӣ – генерал Шехалевич М.Д. таъйин гардиданд [Анвари, С. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ асоси ҳамкориҳои ниҳодӣ дар Осиёи Марказӣ [Матн] / С. Анвари // Паёми ДМТ. – 2020, №1. – С. 75.].

Роҳбари ҳайати намояндагии Хитой дар давраҳои гуногуни музокирҳо: Лю Гуанчжи, Ван Ганхуа ва Ся Шуюан, ки Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Хитойро намояндагӣ мекарданд [Зарифӣ, Ҳ. Тоҷикистон-Хитой: ташаккули сарҳади давлатӣ. Таърих ва замони муосир [Матн] / Ҳ. Зарифӣ, А. Сатторов – Душанбе: Ирфон, 2016. – 544 с. , с.148]. Дар баробари ин, аз тарафи ҳукумати Хитой ҳайати аъзоён, мушовирон, коршиносон ва кормандони техникӣ ҷалб карда мешуданд.

Дар асоси моддаи дуюми Созишномаи Ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон оид ба гузаронидани музокираҳо бо Ҳукумати Хитой доир ба масъалаҳои сарҳадӣ, ҳар як кишвар бояд дар асоси қарорҳои ҳукуматӣ ҳайати намояндагии худро барои пешбурди музокираҳо бо намояндагони Хитой таъсис диҳанд.

Бо ин мақсад, Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ҳайати намояндагии Тоҷикистонро барои пешбурди музокираҳо бо намояндагони Хитой оид ба масъалаҳои сарҳадӣ дар Ҳайати намояндагони муштарак муайян менамуд, ки дар шакли зерин тасдиқ карда шуд:

Раҳматуллоев Э.Р. – Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифати роҳбари ҳайати номояндагии Тоҷикистон бо салоҳияти муовини роҳбари Ҳайати муштараки намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон барои пешбурди музокираҳо бо ҳайати намояндагии Ҳукумати Хитой оид ба масъалаҳои сарҳадӣ таъйин карда шуд;

Сатторов А.С. – муовини роҳбари Саридораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифати аъзои ҳайати намояндагии Тоҷикистон тайин карда шуд;

Кан Ф.С. – Муовини роҳбари Муассисаи геодезӣ ва харитасозии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифати коршиноси ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд [Постановление Совета Министров Республики Таджикистан под № 348-17 от 26 июня 1993 г.].

Дар аввал, барои гурӯҳи корӣ ҳадафи ҷамъоварӣ ва таҳлилу таҳқиқи санадҳо ва маводҳое, ки ба ноҳияҳои баҳсноки наздисарҳадӣ алоқаманд мебошанд, гузошта шуда буд. Сипас Ҳайати намояндагии муштарак бояд нақша ва барномаҳои пешбурди музокираҳоро дар асоси созишномаҳои мавҷуда коркард намоянд, инчунин, дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Хитой усулҳои фаъолияти ҳайати муштаракро дар самти музокираҳо оид ба масъалаҳои сарҳадӣ муайян менамуданд.

Дар ин замина, музокираҳо бо намояндагони Хитой бо навбат дар шаҳрҳои Москва ва Пекин гузаронида мешуданд. Вале вобаста ба зарурат ва дар асоси созиши ҷонибҳои манфиатдор, музокираҳо метавонанд ҳамчунин дар шаҳрҳои Алмаато, Бишкек ва Душанбе доир карда шаванд. Ба сифати забонҳои расмӣ ва корӣ дар рафти музокираҳо забонҳои русӣ ва хитоӣ қабул карда шуданд.

Зимнан, баъди баррасии маҷмуи санадҳо, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ду созишномаи асосиро дар алоҳидагӣ коркард намоянд:

1. Аҳднома оид ба таҳкими чораҳои эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ;

2. Аҳднома дар бораи камкунии мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар ноҳияҳои сарҳадӣ.

Бо ин мақсад, аз моҳи январи соли 1995 (14-ум давраи музокираҳо) сар карда, раванди музокираҳо ба ду қисм ҷудо гардиданд. Дар қисмати аввал, таваҷҷуҳ барои ҳалли масъалаҳо оид ба таҳкими чораҳои эътимод дар соҳаи ҳарбӣ равона гардида, лоиҳаи мувофиқашудаи созишнома пешниҳод гардид. Дар заминаи он на танҳо сатҳи баланди боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ тасдиқ карад мешавад, балки он ба таври ҳуқуқӣ расман тасдиқ карда шуд.

Барои коркард намудани матни мувофиқашудаи ин санад як сол сарф карда шуд ва ниҳоят 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай воқеаи муҳимми таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Сарони панҷ давлат – Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Хитой Аҳдномаро оид ба таҳкими чораҳои эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба теъдоди кишварҳои иштирокчӣ ва макони баргузорӣ, ин ҷамъомад чун “Панҷгонаи Шанхай” маълум гардид. Бо гузашти вақт, таърих муҳиммияти вохӯрии сарони панҷ давлатро нишон дод, аз як тараф, фишор ва зиддиятҳои сарҳадиро бартараф намуда, аз тарафи дигар, сатҳи боварии кишварҳоро барои рушди алоқаҳои минбаъда беҳтар намуд ва сониян, заминаи ҳамкориҳои ниҳодиро дар минтақа (Созмони Ҳамкории Шанхай) пурзур намуд.

Зимнан дар қисмати дуюм кушиш карда шуд, ки масъала оид ба муайян намудани теъдоди қувваҳои мусаллаҳ барои ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳал карда шавад ва бо ин роҳ музокираҳоро оид ба ихтисор кардани қувваҳои мусаллаҳ ба марҳилаи ниҳои расонанд.

Баъди таҳкими чораҳои эътимод (26 апрели соли 1996) ва рушди муносибатҳои мутақобилаи кишварҳо – 24 апрели соли 1997 сарони давлатҳои “панҷгона” дар шаҳри Москва Аҳднома байнидавлатиро дар бораи камкунии мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар ноҳияҳои сарҳадӣ ба имзо расониданд. Ин санад теъдод ва сатҳу сифати қувваҳои мусаллаҳи ҷонибҳоро дар сарҳадҳои якдигар муайян намуд. Ба дастгоҳи санҷидашудаи муносибатҳои мутақобила дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи кории “4+1” дар солҳои 90-ум такя намуда, Пекин ва Москва дар соли 1996 иқдоми бунёди “Панҷгонаи Шанхай” – ро ҳамчун ниҳоди ҳамкориҳои минтақавӣ роҳандозӣ намуданд. Дар ин созмон Казоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Хитой ворид гардиданд.

Баъдан ба ҳайати кишварҳои аъзо Ӯзбекистон ҳам шомил гардид ва соли 2001 дар заминаи он – Созмони Ҳамкории Шанхай таъсис дода шуд. Бо ин роҳ, баъди барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳо дар ибтидои солҳои 90-ум, раванди ташаккули ҳамкориҳои ниҳодӣ ва мутақобиланд судманд дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Бояд гуфт, ки сароғозӣ ин гуна муносибатҳо аз фаъолияти Ҳайати намояндагии муштарак (солҳои 1992-1997): алоқаҳои мутақобилаи давлатҳо барои ҳалли мушкилиҳои сарҳадӣ, пурзур кардани сатҳи боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва коҳиши мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаҳои марзӣ мебошад.

Идомабахши муносибатҳои манфиатбор дар минтақа таъсиси “Панҷгонаи Шанхай” (солҳои 1996-2001): бунёди дастгоҳи доимии ҳамкориҳои дар асоси вохӯриҳои вазирон ва гурӯҳҳои корӣ, мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ, муборизаи муштарак бар зидди “се қувваи бадӣ” – терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ гардид.

Минбаъд дар асри XXI муносибатҳои байнидавлатӣ дар минтақа бо шаклгирии Созмони Ҳамкории Шанхай (соли 2001) ба маҷрои сифатан нав равона гардида, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои аъзои созмон муайян карда шуд: рушди муносибатҳои ҳамаҷониба бо мақсади нигоҳдоштани сулҳ, амният ва субот дар минтақа; ташаккули ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, мудофиа, фарҳанг, илмӣ-техникӣ, маориф, энергетика, нақлиёт, молиявӣ ва дигар соҳаҳо, ки манфатҳои умумиро фаро мегиранд.

Бо таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай ва васеъшавии минбаъдаи он (9 июни соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон ба ҳайати аъзоёни доимии созмон шомил гардиданд) рушди ҳамкориҳои манфиатбор на танҳо фазои Осиёи Марказӣ, балки Осиёи Ҷанубиро низ фаро гирифта, доираи ҷуғрофии ҳамкории кишварҳои аъзоро тавсеа бахшид.

Анвари С., ассистенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон