АМАЛИГАРДИИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ДМТ

143

Имрӯз (20.11.2024) дар доираи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиши устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Иброз гардид, ки ҳадафи асосии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионии шаҳрвандон, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Таъкид гардид, ки ба ҳолатҳои коррупсионӣ гирифтор шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар паст будани маърифати ҳуқуқии он мебошад. Яке аз ҳадафҳои Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ин пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон амалҳои коррупсионӣ ба рушди давлатҳо зарари ҷиддӣ мерасонанд ва монеаҳои гуногун ба вуҷуд меоранд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин гуна амалҳои носазо якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз ин ҷумла аст.

Дар ҳамоиш доир ба ҳадафҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон изҳори андеша карда шуд.

Дар анҷом таъкид шуд, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҳамчун шаҳрванд фаъолнокӣ нишон дода, дониш ва неруи худро ба ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ бояд равона намоем. Зеро пешгирию бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ ва муқовимат ба ин зуҳуроти нангин вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, кори дастҷамъӣ мебошад.