ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БА СУЛҲУ СУБОТИ ҶОМЕА

315

Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, устувории оила ва солимии ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни факултетҳои фалсафа ва иқтисод ва идора мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ташкили чунин вохӯриҳои судмандро роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ муҳим ва рӯзмара арзёбӣ намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати ватандӯстона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон судманд арзёбӣ менамоянд. Дар робита ба ин мавзӯъ намояндаи донишгоҳ Ҳ.Саидов ва меҳмонон Амирзода Т., Абдураҳимзода Д., Баротзода С., Бегиҷон З. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ меҳмонон оид ба ҳамбастагии ҷавонон ва сулҳу суботи ҷомеа, пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, инчунин, устувории оила ва риояи меъёрҳои қонунҳои миллӣ суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ баргузории чунин чорабиниҳо миёни тамоми донишҷӯёни донишгоҳ идома доранд.