ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ…

1293

(Сулҳу ваҳдат ва фарҳанги таҳаммулпазирӣ…)

Замони муосир бо равандҳои мураккаби сиёсию иҷтимоӣ, ҷаҳонишавӣ ва омезиши тамаддунҳо миллатҳоро водор менамояд, ки дар ҳифзу таҳкими таъриху фарҳанг ва ҳама гуна арзишҳои миллии худ талошу кӯшишҳои бесобиқа намоянд. Зеро камтарин саҳлангорӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонад муҳимтарин арзишҳои миллӣ, ҳатто ҳастии миллатро ба боди таърих диҳад. Ҳамин аст, ки асри кунунӣ ба фарқ аз рӯзгори гузашта бо асри гуфтугӯи тамаддунҳову ҷаҳонишавӣ тавсиф мешавад ва бархе нафарон дар ин гуфтугӯи тамаддунҳо қадам аз чорчӯбаи ахлоқу одоб берун мегузоранд, ки ин эҷоди падидаи тундгароиро дорад. Дар чунин вазъият, маҳз қабул доштани гуногурангии олам, эътироф ва эҳтироми фарҳанги ғайр, вале дар айни замон устувор ва содиқ будан ба арзишҳои миллию фарҳангии хеш мавҷудияти таърихӣ ва суботи миллатҳоро таъмин месозад.

Дар илми ҷомеашиносӣ чунин мавқеъгирӣ бо мафҳуми таҳаммулпазирӣ ифода карда мешавад. Воқеан, дар ҷаҳони имрӯза, ки бо гуногунии мафкуравӣ ва омезиши фарҳангиву ҷаҳонишавӣ майл дорад, таҳаммулпазирӣ калиди суботи ҷомеа ва омили асосии пешгирии бархӯрдҳои манфии иҷтимоӣ, ба мисли терроризму экстремизм аст. Таҳаммулпазирии иҷтимоӣ, ки ҳамчун муносибати бидуни зӯроварӣ ва эҳтиромонаи байни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа арзёбӣ мегардад, мувозинати муносибатҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад.

Мавриди зикр аст, ки таҳаммулпазирӣ ҷузъи таркибии ҳеҷ як идеология ё унсури ягон маданияти мушаххас нест. Дар ин замина муҳаққиқи тоҷик Шоисматуллоев Ш. таҳаммулпазириро чун “… моҳияту сифати ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳама гуна ҷомеа, табақаҳои иҷтимоӣ ва ҳар як шаҳрванд” баҳо медиҳад. Афкори иҷтимоию маънавӣ ҳама давру замон барои амалишавии ҳадафҳои олии инсонӣ равона гашта, таҳаммулпазириро беҳтарин арзиши иҷтимоии эътирофи умумгашта ва идеали ивазнашаванда ҷавҳари ин гуна муносибатҳои гуманистӣ ва инсондӯстӣ қабул ва ҳамчун меъёри ахлоқӣ-ҳуқуқии омма арзёбӣ кардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори таҳаммулгаро қайд менамоянд, ки “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироиии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт донистааст… Афкору андешаҳои пурқиммати ин абармарди илму ирфон, бахусус дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонгирӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд… Мавлонои Балхӣ бо намояндагони қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун озодона сухан мегуфт. Дар баробари ин ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмиро таъминкунандаи осоиши зиндагӣ медонист:

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ӯ дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя андешаи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузошта буд, ки имрӯз ба робитаи мусолиматомези фарҳангҳо ва гуфтугӯйи тамаддунҳо мубаддал гаштааст”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала таълимот ва андешаҳои ҳакимонаи бузургонро омӯзишу таҳқиқ намуда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст: “Алии Ҳамадонӣ баъди азият ва мушкилоти зиёде, ки дар зиндагияш рӯ ба рӯ шудааст, ба хулосае омадааст, ки барои ҷомеа ва инсоният сулҳ ва оромиш нақши арзанда дорад.

Аз ин рӯ, вай фарҳанги сулҳро таблиғ карда, хостори ваҳдату субот ва ҳамраъйию мутаҳиддӣ мебошад. Бо ин мақсад ӯ дар асарҳояш ҳикмати мадороро ташвиқ карда, таҳамулгароиро воситаи муҳимми бартараф намудани ҳаргуна низоъ медонад… Ин таъкиди Мирсайид Алии Ҳамадонӣ имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардааст. Зеро бубинед, ки “мову ман”, “куфру имон” ва “бидъату суннат” гуфтани бархе аз мусулмонон дар баъзе кишварҳои олам, мисли Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон, Миср ва Афғонистон оқибатҳои нангинеро пеш овардааст, ки имрӯз тамоми дунё аз он нигаронӣ менамояд. Дар шароите, ки равияҳои тундгаро ва низоъҳои диниву мазҳабӣ дар баъе манотиқи дунё то рафт вусъат меёбанд, ақидаҳои мутафаккирони гузашта, мисли Амири Ҳамадонӣ арзиши бештар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, зиёиён ва олимону донишмандон, уламои дин ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар асоси андешаҳои ҳакимонаи ин қабил донишмандон ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти хурофотпарастӣ, экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб мубориза баранд ва барои дар зеҳни мардум, хусусан, наврасону ҷавонон, ташаккул додану реша гирифтани ғояҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мунтазам кор кунанд”.

Муносибатҳои одилона ва муфиди бисёртарафаи байни одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, миллатҳо, динҳо ва намояндагони ин ё он тамаддун, ки дар худ арзишҳои таҳаммулпазириро таҷассум менамоянд, зиндагии осоиштаи шаҳрвандон ва пешрафти ҷомеаро таъмин менамояд.

Бояд қайд намуд, ки Истиқлолият барои мардуми тоҷик осон ба даст наомад. Мардум дар тули ин солҳо аз мактаби боифтихори истиқлолият сабақҳои зиёд гирифта, аҳамияти осоишу ҳамзистии иҷтимоиро ҳамчун омили муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дарк кардааст. Ҳар фарди миллат шоҳиди заҳматҳои пайваста ва азхудгузаштагиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фароҳам омадани низоми сиёсии устувори давлатдории миллӣ, зиндагии осоиштаи сокинон, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти пойдор мебошад.

Воқеиятҳои таърихии наздик ба се даҳсолаи охири миллат, ки аз устувории низоми сиёсии давлатдорӣ, эҳё гардидани арзишҳои миллӣ, фарҳагиву маънавӣ, ҳамзистии иҷтимоӣ ва осоиштагии ҳаёти сокинон дар саросари кишвар бозгӯӣ месозад, бевосита аз фаъолияти пурмаҳсулу мавқеи устувори Роҳбари давлат ҳамчун сиёсатмадори таҳаммулгаро ва инсонпарвар шаҳодат медиҳад. Вале бо ин ҳама дастовардҳо дар ҷомеа бархе мушкилоте дида мешавад, ки пеш аз ҳама, аз надоштани фарҳанги таҳаммулпазирии баъзе афрод сарчашма мегирад. Чунончи рӯ овардани баъзе шаҳрвандони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию пайравӣ аз фарҳанги бегона, экстремизми динӣ ва хусумат ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар, ҷудошавии оилаҳои ҷавону низоъҳои оилавӣ ва ғ. падидаҳои манфуреанд, ки аз набудани таҳаммулпазирӣ дар фард дарак медиҳад. Хусусан, набудани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар бештари андешаҳову гуфторҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернет бараъло эҳсос мешавад. Бархе корбарон дар олами маҷозии интернет худро “гум карда”, аз ҳади инсонӣ гузашта, ҳарчӣ дар зеҳнашон ояд, менависанду мегӯянд, на падару модар ба ёдашон мерасаду на миллату ватан. Аз ин рӯ, ташаккул додани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар байни мардум, хусусан ҷавонон, ки осебпазиртарин қишри ҷомеа ва серистифодабартарин нафарон аз шабакаҳои иҷтимоии интернет ба шумор мераванд, ногузир мебошад. Таҳаммулпазириро чун сифати шахсӣ ё хислати характери шахс, ки дар давоми ҳаёт шакл мегирад, бо роҳи таълими иҷтимоӣ, тамринҳои иҷтимоивӣ ташаккул додан мумкин аст, зеро омилҳои асосии ташаккули он муҳити иҷтимоиву шароити мувофиқи рушд ва тарбияи дуруст мебошад.

Таҳаммулпазирӣ муқобилмаънои экстремизм ва ҳама гуна фитнаву фитнаандозӣ буда, мақсад аз омӯзиши он эмин нигоҳ доштани суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз бетартибиҳои иҷтимоӣ, пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат баҳри ҳифзи устувори ҳамзистии осоиштаи сокинон, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб мешавад.

Расулзода Аслам, мудири шуъбаи мудофиаи граждании ДМТ