ҲАМКОРӢ БО БОНКИ РУШДИ ОСИЁ

156

Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки намояндагони Бонки рушди Осиё, устодон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии ДМТ ҳамоиши сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултети иқтисод ва идора Исайнов Ҳ.Р. оғоз ёфт. Дар раванди чорабинии мазкур намояндагони зерини Бонки рушди Осиё: Алберт Парк – сариқтисодчии Бонки рушди Осиё; Родора Конселсион – директори намояндагии Бонки рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муҳаммади Бобоев – иқтисодчии Бонки мазкур; Лариса Гвасалия – тарҷумон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Лексияро Алберт Парк дар мавзӯи «Масоили вазъи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон» маърӯза намуда, маҷмуи муҳимтарин масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии алоқаманд бо таъсири омилҳои сиёсию иқтисодӣ ва экологию тиббӣ дар миқёси Осиёи Макрказиро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод.

Баъдан устодон ва донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ атрофи мушкилоти рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа саволҳо дода, табодули афкори ҷонибҳо сурат гирифт.

Бояд гуфт, ки ташкил ва амалигардонии чунин семинарҳои илмӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногуни иқтисодӣ дар алоқамандсозии илм бо амалия заминаи хуб гузошта метавонад.