Ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии Дунё

889

Дар доираи ҳамкориҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ректори Донишгоҳи байналмилалии Дунёи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷаноби Туҳанёр Аҳмадшоҳ Санкдил мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи ДМТ ва мактабҳои олии касбии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи маориф изҳори сипос намуда, дар самти мустаҳкам намудани робитаҳои илмию таълимии ДМТ бо Донишгоҳи байналмилалии Дунё табодулӣ афкор намуданд.

Зимни мулоқот ҷаноби Туҳанёр Аҳмадшоҳ Санкдил роҷеъ ба таҳсили донишҷӯёни Афғонистон дар ДМТ ва анҷом додани корҳои илмӣ –таълимии унвонҷӯёни афғон дар заминаи ДМТ суханронӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо барои рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ созишнома ба имзо расонида, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.