ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ СИНЗЯН РУШД МЕЁБАД

191

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин равобити илмию таълимӣ ва байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Чин хуб ба роҳ монда шудааст. Баргузории ҳамоишу нишастҳои илмӣ аз ҷумлаи онҳост, ки дар сатҳи гуногун роҳандозӣ мешаванд. Дар доираи ин ҳамкориҳо Конференсия байналмилалии забони чинӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба нақша гирифта шуд, ки зимни он чорабиниҳои гуногуни илмию таълимӣ дар заминаи донишгоҳҳои ҳамкор ва Инстиути Конфутсий роҳандозӣ шудааст.

Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоишҳои байналмилалӣ намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.

Имрӯз зимни сафар ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуманҷон Айлӣ мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои минбаъдаи ДМТ ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин баён намуда, ҳамзамон ҷиҳати омӯзиши забони хитоӣ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин, дар робита ба беҳтар намудани барномаҳои муштарак андешаҳои судманд баён доштанд.

Зимнан гуфта шуд, ки ҷаласаи 14-уми Шурои роҳбарони Донишкадаи Конфутсий, ки дар нақша аст, дар рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат менамояд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ва гирифтани аксҳои таърихӣ ба анҷом расид.