ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲҲОИ МАЛАЙЗИЯ

313

Имрӯз намояндагони Хадамоти байналмилалии маорифи Малайзия таҳти роҳбарии раиси хадамот Абдуразоқ Аҳмад ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ретори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмию таълимии донишгоҳҳои Малайзия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронӣ намуда, барои мустаҳкам намудани равобити байналмилалӣ, омода намудани мутахассисион аз рӯйи равияҳои гуногун ва ташкили ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуданд.

Дар интиҳо ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки барои амали намудани ҳадафҳои хеш ёддошти тафоҳум омода ва ба имзо расонанд.