ҲАМКОРӢ БО ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ «ИЛМХОНА»

591

 Дар доираи ҳамкориҳо ва эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” солҳои 2020-2040 дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ вохӯрии намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» бо донишҷӯёни факултетҳои механикаю математика, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ донишгоҳ доир гардид.

 Вохӯрӣ дар доираи барномаи таълимӣ ва васеъ гардонидани имкониятҳо, ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба омӯзиши амалии барномасозӣ (бо мақсади бо ҷои кор таъминкунӣ)-и хатмкунандагон бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият доир шуд.

Намояндагони кор бо донишҷӯёни Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» Мадина Сатторова ва Ҷонона Саидова оид ба беҳтар гардонидани ҷараёни илмомӯзӣ, рушду такмил додани имкониятҳои технологияҳои навтарин тавсеаҳои мушаххас доданд. Зикр гардид, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» доир ба самтҳои мухталифи барномасозии компютерӣ, иқтисоди рақамӣ, эҷодкорӣ, барномасозии дизайнерӣ, ҷалби донишҷӯён бо ҷойи кор бо истифода аз таҷрибаи «Rithm School» яке аз мактабҳои барномасозии шаҳри Сан – Франсискои ИМА чунин тренигҳои кутоҳмуддати ройгонро ба роҳ мондааст.

Тавре мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Ҷ.Т. Абдуллоев иттилоъ дод, мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, омӯзиши таҷриба, рушди технологияи информатсионӣ, омоданамоии барномасозон, инчунин, такмил додани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ мебошад.