ҲАМКОРӢ БО ТИКА

739

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳамоҳангсози барномаи Агентӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Туркия (ТИКА) дар шаҳри Душанбе Ибраҳим Эрбир мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, дар самти амалигардонии лоиҳаву барномаҳо ва баргузории ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ табодули афкор намуданд.

Метавон гуфт, ки мулоқоти дуҷонибаи тарафҳо барои таҳкими робитаҳои минбаъда мусоидати фаъол хоҳад кард.