ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ЗАБОНОМӮЗӢ

58

Имрӯз (13.06.2022) муовини сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Сабр ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти табодули устодону донишҷӯён ва тақвият додани раванди забономӯзӣ суханронӣ намуданд. Зимнан гуфта шуд, ки Донишгоҳи миллӣ омодааст бо муассисаҳои илмию таълимӣ ва марказҳои забономӯзии Арабистони Саудӣ равобитро густариш бахшид ва дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар пояи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо баргузории ҳамоишҳои гуногунсатҳро ба роҳ монад.